МУАММОҲОИ МАСЪУЛИЯТИ ИҶТИМОӢ ВА ЭКОЛОГИЯИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

(Хатари иттилооти ғайриэкологӣ ба фазои иттилоотии ҶТ)

Таърихан экология ҳамчун илм дар бораи организмҳо ва муносибати онҳо бо муҳит ба вуҷуд омадааст. Ҳифзи муҳити зисти одамон, ҳамчун яке аз самтҳои  муҳими сиёсати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғояи ба вуҷуд овардани шароити хуби экологӣ барои зиндагӣ, меҳнат ва осоиши одамон иртиботи зич дорад. Инчунин, яке аз вазифаҳои  асосии фаъолияти ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад. Зеро моддаи 1-ми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки ба ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Дар замони муосир мафҳуми «экология» маънои васеъро касб мекунад. Дар солҳои 70-уми асри ХХ экологияи иҷтимоӣ ҳамчун илми мустақил ташаккул ёфт, ки муносибати ҷомеа бо табиат ва унсурҳои биологӣ, иҷтимоӣ, фалсафӣ, ҷуғрофӣ ва ғайраи онро меомўхт. Аз ҷумла, унсури муҳими ҳаёти ҷомеаи муосир гирифтан ва паҳну пахши иттилоотро низ мавриди омўзиш қарор медиҳад. Дар ҷаҳони муосир аҳамияти ВАО на танҳо ҳамчун сарчашмаи ахбор беҳад  афзудааст, балки ҳамчун институт ба соҳаҳои гуногуни ҳаёт, махсусан ба афкори умум таъсири амиқ мегузорад.

Ҳар як ҷамъият фазое мебошад, ки коммуникатсияи оммавӣ онро идора мекунад. Маҳз ВАО, пеш аз ҳама, мавзўи рўзро, яъне мавзўи муҳими иҷтимоиро, ки шаҳрвандон баҳсу муҳокима менамоянд, муайян менамояд. Натиҷаи ин таъсири ВАО ба афкори ҷомеа чунин эҳтимолиятро тақозо менамояд:

– дар ҷомеа бедор кардани таваҷҷуҳ ба баъзе проблемаҳо, ба одамон, ташкилотҳо ва ғайра;

– бо таъсиру таваҷҷуҳи ВАО ба вуҷуд омадани тағйирот дар ҷомеа;

– баррасии проблемаҳо дар ВАО метавонад ба барномаи фаъолияти як қатор гуруҳҳои  ҷамъиятӣ, масалан, қонуннигорон ва сиёсатмадорон таъсир расонад.

Бо ибораи дигар, коммуникатсияи оммавӣ метавонад ба воқеият ва афкори умум, шуури одамон таъсир расонад, проблемагузорӣ ва мавқеи одамон ва гуруҳҳоро  муайян намояд. Вобаста ба ин савол ба миён меояд: мақсади  таъсиру амали ВАО ба воқеият, шуур  ва афкори умум  аз чӣ иборат аст? Ҳадду канори таъсир то куҷост ва ин ба шахс чӣ гуна таъсир мекунад? То чӣ андоза ва кай шахсро бо ахбор таъмин менамояд, ба маърифатнокии он, ба шароити он, ба ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд, кай озодӣ ва ҳуқуқи шахсро вайрон менамояд, ба ҳолати рўҳӣ ва саломатии он таҳдид ба бор меоварад? Оқибати таъсири ВАО ба воқеият, шуур ва рафтори одамон чӣ гуна аст? Оё вай ба ягонагии ҷомеа, болоравии ахлоқ, рафтор ва маданияти он мусоидат менамояд?

Дар аксар ҳолат воситаҳои ахбор оммаро айбдор менамоянд, ки онҳо дар ҷомеа натанҳо тухми некӣ, адолат, ахлоқи ҳамида, масъулиятнокӣ, балки бадӣ, бадахлоқӣ, рафтори зишт ва ғайраро низ паҳн менамоянд. Дар воқеъ, проблемаи мазкур то андозае, ҷой дорад ва актуалӣ мебошад. Озодии ВАО дар баробари дигар озодӣ на танҳо арзиши олӣ, шарти демократияи ҳақиқӣ, балки истифодаи озодӣ  бо мақсади нопок хавфнок аст. Озодии ВАО баҳри рушди ҷомеа ҳамон вақт арзишнок аст, ки бо масъулиятшиносӣ ҳамоҳанг мебошад. Масъулиятшиносии ВАО, пеш аз ҳама, дар ахбори аз ҷиҳати экологӣ тоза, ки паҳну пахш мегардад, ифода меёбад.

Проблемаи муносибат миёни масъулият ва озодии ВАО хеле мураккаб мебошад. Ин муносибат ҳамеша пур аз ихтилоф аст, ки дар ҳар як мавриди мушаххас ҳалли худро тақозо менамояд, талаб менамояд, ки  барои ҳалли ихтилофҳо механизм ва сохтори муайян сохта шавад, журналист дорои сифату маҳорати мувофиқ бошад. Хуллас, ахбори экологӣ дар худ имконият дорад, ки ба инкишофи зеҳнии шахс, дараҷаи саводнокии он, аз хабарҳо огоҳ будани он, ба дарк кардани воқеият ва ҳодисоти гирду атроф мусоидат намояд. Имконият дорад, ки ахлоқ ва маданияти шахсро баланд бардорад, ба кори ҷамъиятӣ сафарбар намояд. Дар баробари ин сифати ахбори экологӣ аз рушду такомули муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста аст.

Мутобиқи гуфтаҳои боло ахбори экологӣ ва масъулиятшиносии воситаҳои ахбори оммаро бояд тарзе масъалагузорӣ намуд, ки оё он ба оромии ҷомеа, ба ташаккули муносибатҳо миёни гурўҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, миёни ҳалқҳо, шаҳрҳо, ташкилотҳо ва ғайра мусоидат мекунад.

Илова бар ин хабаррасонии оддиро ба шаҳрвандон ба таври комил ахбори экологӣ ҳисобидан нашояд, чунки бояд иттилоъ бо назардошти акси садо ва фикру ақоиди сомеон сурат гирад ва таҳқиқи акси садо аз мавқеи хонандаю шунаванда ва ақаллият холӣ нест. Вобаста ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон (аз 7 феврали соли 2009, № 622)[1] дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма қабул намуд, ки ҳам масъулияти вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳам масъулиятшиносии субъектони коммуникатсияи оммавиро афзун менамояд.  Ҳамон як хабари ВАО-ро  шунаванда пур аз ихтилофу гуногунранг дарк менамояд. Масъалаи ахбори экологӣ ва масъулиятшиносии ВАО-ро  бе назардошти менталитети муштариён баррасӣ намудан нашояд. Ҳамон як барномаи дар Тоҷикистон ва Москва пахшкардашуда тамоман таассуроти мухталифро ба вуҷуд меорад. Ин ё он ахбори ВАО агар барои як гурўҳи сомеон аз ҷиҳати экологӣ тоза бошад, барои дигар гурўҳ баръакс мебошад.

Дар кишвар Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооти экологӣ» бори аввал тибқи имзои Президенти ҷумҳурӣ Э.Раҳмон 25 марти соли 2011 қабул гардид. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоии таъмини иттилооти экологиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд ва ба таъмини ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва дастрасии иттилооти экологии мукаммал, эътимодбахш ва саривақтӣ мусоидат карда, муносибатҳоро дар ин бахш танзим менамояд[2]. Дар қонуни қабулшуда дар мафҳуми «иттилооти экологӣ» мазмуни иттилооти  дорои  маълумот оид ба вазъи муҳити зист ва таъсир ба он, тадбирҳои ҳифзи он, ҳамчунин  таъсири муҳити зист ба инсон ҷой дода шудааст, вале  оиди ахбори аз ҷиҳати экологӣ тоза, аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва мавзўъ коста ишора намеравад.  Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ҷиҳати масъулияти ниҳодҳо ва масъулони воситаҳои коммуникатсионӣ ҳини чоп, паҳну пахши иттилооти тозаву безарар меъёрҳо  муайян шудааст. Ба ақидаи мо ба экологияи васоити ахбори оммавии электронӣ диққати махсус додан, сифати ахбор  ва барномаҳои электониро беҳтар кардан, ба ахбори низоъангез роҳ надодан, талаботро ба дараҷаи маданият ва имконияти маърифатии барномаҳо афзун намудан ба мақсад  мувофиқ мебошад. Вагарна ВАО манфиати  гурўҳҳои алоҳидаро  бар зарари  ҷомеа ифода намуда,  нисбати барномаҳои  хеш  нобоварии оммаро  тавлид месозанд. Масалан, ахбори дурўғу ғаразнок оиди воқеаи садамаи Чернобыл на танҳо ба вазъи иҷтимоии ҷомеа, балки бевосита ба саломатии шаҳрвандон хавфу хатар дорад.

Дар ҳаёти ҳаррўза ҳар як одам ба таъсири реклама рў ба рў мегардад. Дуруст аст, ки он ба буҷаи ВАО даромад меорад, вале ҳуҷуми реклама авзои психологиро танг  карда, то ҷое ба вазъи ногувори иҷтимоӣ мусоидат менамояд. Ширкатҳои рекламавии сигор ва нўшокиҳои спиртӣ ба зарари он нигоҳ накарда ба истеъмоли он ҳидоят мекунанд.

Экологияи васоити ахбори оммавӣ ба масъулиятшиносии он ҳангоми чопу нашри мавод сахт марбут аст. Инъикос ва бевосита паҳну пахши ҳодисаи гаравгон гирифтани «Норд-Ост» тавассути барномаҳои радио ва телевизион мисол шуда метавонад. Ба моҳияти ҷамъиятии ин воқеа нигоҳ накарда нақши воситаи электронии  ахбори оммавӣ дар инъикос ва паҳну пахши он хеле баҳсталаб мебошад. Чӣ хел сурат гирифтани ҳодиса  на танҳо аз шаклу воситаи паҳну пахш, балки аз факту рақам ва тарзу роҳи он вобаста аст. Репортаж метавонад мустақим бошад ва ғайримустақим. Аз тарафи террористон истифода намудани  репортажи  мустақим барои муайян кардани  ҳаракатҳои минбаъдаи хеш истисно нест, ки  ба ҳаёту саломатии одамон  таҳдиди ҷиддӣ мекард.

Думаи давлатии Федератсияи Руссия тағйиру иловаҳоро ба қонун оид ба ВАО то акти террористӣ дар шаҳри Москва тайёр карда буд. Бори дуюм 23 октябр дар рўзи террор мавриди муҳокима қарор гирифт. Баъд аз ғасби «Норд-Ост» бори сеюм муҳокима  ва бе ихтилоф аз тарафи Шўрои Федератсия қабул гардид. Тағйиру иловаҳо бар зидди зуҳуроти террористӣ дар қонун баҳсу мунозираи беҳадро ба миён овард. Вай истифодаи ВАО ва ахбори компутериро  барои тарғиб ва  ҳақ баровардани терроризм ва экстремизм манъ кард.

Давлат аз ҷиҳати қонунӣ озодии баён ва матбуотро дар Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба матбуот ва дигар васоити ахбори оммавӣ» тасдиқ ва эълон намуда, дар дасти худ якчанд роҳу воситаи таъсиррасониро ба «ҳокимияти чорум» нигоҳ дошт. Ин на танҳо ба Тоҷикистон, балки ҳам ба Россия, ИМА  ва ҳам ба дигар кишварҳои мутараққӣ низ дахл дорад. Масалан, дар вақти амалиёти ҷангӣ дар Ироқ кулли ахбор ба воситаи сензорҳои низомӣ мегузашт. Сиёсати андоз нисбати ВАО, додани литсензия, аренда, аккредитатсияи ҳатмии журналистон, бақайдгирии васоити иттилоотӣ, дахл ба сохтор ва фаъолияти васоити иттилоотӣ  ва ғайра метавонад барои мақсадҳои ғаразнок, манъ ва  ё  маҳдуд намудани фаъолияти журналистӣ истифода гардад. Ҳокимият имкониятҳои зиёди маҳдуд кардани фаъолияти ВАО-и мухолифро  дорад.

Аз дигар ҷиҳат ҷомеа ва давлат то чӣ андоза пурмаҳсул ва бо ёрии кадом воситаҳо метавонад ВАО- ро назорат намояд, то ки аз як тараф, мақомоти назоратӣ  ва меъёрҳои санадӣ ба фаъолияти рўзнома, радио, телебарномаҳо халал нарасонад, аз дигар тараф, давлат бояд чунин шаклҳои  назоратро пайдо намояд, ки пеши роҳи  ахбори ғаразнокро гирад ва ВАО воқеан  ахбори этикӣ, экологӣ ва барои ҷомеа муҳимро  паҳну пахш намояд. Дар ин системаи мураккаб фактори субъективӣ нақши муҳимро мебозад, яъне кӣ барнома месозад, кӣ соҳиби ВАО аст ва кӣ фаъолияти онҳоро  назорат мебарад. Маҳз барои ҳамин нақшу фаъолияти институтҳои ҷамъиятии назоратӣ ба мисли Шўроҳо, жюриҳо, инчунин ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамияти муҳим доранд.

Зикр карда шуд, ки дар муайян кардани сифати ахбори экологӣ нақши муштариёни ин ё он воситаи ахбори оммавии конкретӣ басо муҳим аст. Дар ин маврид якчанд ҷараёни ҳамкории ВАО ва сомеонро дида мебароем.

Воситаи ахбори оммавӣ имконияти коммуникатсияи индивидуалиро  дорад. Дар Интернет сайтҳое мавҷуданд, ки одамони ғайримаъмулию ғайрианъанавии рафтор метавонанд  ба таври озод  бо ҳам шинос шаванд ва муносибат кунанд. Ин ба як гурўҳи иҷтимоӣ мақбул бошад, ба ҳиссаи дигари ҷомеа ғайриахлоқӣ маҳсуб меёбад.

Проблемаи масъулиятшиносии ВАО, албатта, аз баррасии мавзўи моҳияти умумиҷамъиятӣ дошта вобаста аст. Боз як тарафи ахбори экологӣ ҷиҳати техникии он мебошад. Паҳну пахши шабакаи телевизион теъдоди зиёди шабакаҳои боқуввати паҳнкунандаро талаб менамояд. Оиди таъсири манфии мавҷҳои телефонҳои мобилӣ баҳсу мунозира бисёр аст. Мавҷҳои стансияи паҳнкунанда ба маротиб зиёданд ва барои аҳолие, ки масалан, дар атрофи Останкино зиндагӣ мекунанд, он безарар нест. Ҳар як хонанда тасдиқ менамояд, ки рўзномаи нав чопшуда дастонро олуда месозад, ки зарар дорад. Тамошои дурударози телевизион, соатҳо бо Интернет фаъолият намуданро безарар ҳисобидан нашояд.

[1] Ниг. «Минбари халқ» аз 12 феврали соли 2009, № 6

[2] Ниг.\Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооти экологӣ» // «Ҷумњурият», 4 апрели соли 2011

Якубов Ҷ. К. дотсенти ДДҲБСТ

You might also like