Нақши Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ дар рушди сиёсати хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пас аз пошхӯрии ИҶШС ба кишварҳои навбунёд мушкилоти соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ пеш омад, ки ин раванд бештар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида гардид. Дар кишвар ду қувваҳои ба ҳам муқобил  – яке ҷонибдори сулҳу субот ва мустақилияти давлатӣ ва дигаре зидди истиқлолият ва рушди давлат мубориза мебурданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардани истиклолияти давлатиро бо роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёди демократӣ интихоб намуда,  ҳамин аст, ки санаи 16-уми ноябри соли 1992 дар толори Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ наҷот дод.

Ҳанӯз ҳангоми бори аввал аз минбари фарози Иҷлосияи Шурои Олӣ Сарвари давлат баромад намуда, ваъда доданд, ки тамоми қувваашонро баҳри истиқрори сулҳ ва оромӣ дар кишвар равона месозанд ва дар ин роҳ ҷони хешро низ қурбон хоханд кард.

Дар муддати кӯтоҳ ин шахси хирадманд собит намуданд, ки дар ҳақиқат давлатмадори соҳибтадбиранд, ба  шарофати хиради стратегӣ, иродаи қавӣ ва истеъдоди беназири сиёсии худ, Сарвари навинтихоби ҷумҳурӣ тавонистанд дар муддати нисбатан кӯтоҳ асосҳои давлатдории миллиро эҳё намуда, шиддати ҷанги бародаркушии намудани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар оғоз бахшанд.

Дар ин росто, Роҳбари давлат хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва ба раванди барқарор вазифаи аввалиндараҷаи худ дониста, барои  амалӣ намудани ин мақсадҳо имкониятҳои байнамилалиро пеша гирифтанд.  Ҳанӯз 12 декабри соли 1992 барои таъмини сулҳу амният дар кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба  созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуданд, ки аллакай дар оғози соли 1993 Созмони Милали Муттаҳид намояндагии худро дар пойтахт таъсис доданд.

Ҳамин тавр, ҷавобан ба муроҷиатномаи Роҳбари давлат баҳри баргардонидани фирориён ва таъмини сулҳ  як қатор созмонҳои байналмилалию минтақавӣ намояндагиҳои худро дар кишвар таъсис доданд: Ҳайати нозирони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА), Коллективи неруҳои сулҳпарвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон, Барномаи рушди СММ, Фонди байналмилалии кӯдакон, Созмони байналмилалии Салиби Сурх ва ғайраҳо.

Дар ҳақиқат, Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни рушди сиёсати хориҷӣ дар кишвар кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси худро ёфтаанд.  Баъдан қабул намудани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар ин соҳа – қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи хизмати дипломатӣ” ва Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри танзими низоми хадамоти дипломатӣ, муассисаҳои консулии кишвар дар хориҷа, таъмини равобити доимӣ бо кишварҳои дусту ҳамёр нақши муҳим мебозад.

Бояд зикр намуд, ки Иҷлосияи XVI-уми  Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди муносибатҳои байналмилалии кишвар, иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаббусҳои глобалию минтақавии ҷаҳони имрӯза нақши муассир гузошт.  Имрӯз ба туфайли сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат саҳми ҷумҳурӣ дар амалӣ намудани ҳадафҳои глобалии ҷаҳони муосир  –  таъмини амният ва сулҳу субот аз ҷониби шарикони минтақавӣ ва байналмилалӣ эътироф гардидааст.

Алиҷонова А.Ҳ. – муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ

You might also like