Нақши Сарвари давлат дар густариши сиёсати хориҷии кишвар

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – шахсест, ки бо хираду заковат, дониш ва таҷрибаи бузурги сиёсӣ мардуми кишварро ба роҳи сулҳу амният, пешрафту ободонӣ роҳнамоӣ менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи ваҳдату ҳамбастагии миллии тоҷикон шинохта мешавад ва тамоми саъю талоши худро барои рушду нумӯи давлат ва беҳбудии зиндагии мардуми сарзаминамон равона месозад.

Сарвари давлат шахси донишманд ва меҳанпараст шинохта шуда, эҳтироми он кас ба арзишҳои миллӣ, таърих, забон ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик баръало ба назар мерасад. Маҳз бо кӯшишу роҳбарияти он кас давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо намуда, ҷомеа ба навсозиву инкишоф рӯ овардааст.

Лозим ба зикр аст, ки яке аз ҷанбаҳои пурсамар ва фаъолияти муҳимми сиёсии Пешвои миллат – ин сафарҳои хориҷиву дипломатии он кас маҳсуб мегардад. Чунин сафарҳо на танҳо барои таҳкими муносибатҳои дӯстона бо дигар халқҳо, балки барои шинохт ва боло бурдани обрӯву нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ хизмат менамоянд. Яке аз чунин сафару вохӯриҳои охири Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, дар аввали моҳи ноябри соли 2025 ба шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намудани он кас мебошад, ки масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаҳои сармоягузорӣ, иқтисод, амният, мубориза бо терроризм ва ҳифзи захираҳои об баррасиву муҳокима гардиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико изҳори омодагӣ намуданд, ки доду ситодҳо ва робитаҳои байни ду давлат ба сатҳи нав бароварда шаванд. Сафари мазкур бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – Доналд Трамп сурат гирифта, дар доираи Саммити “Осиёи Марказӣ + Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” баргузор гардид. Дар оғози сафари кории Президенти Тоҷикистон ба ИМА гурӯҳе аз шаҳрвандони тоҷики муқими он ҷо он касро бо самимият пешвоз гирифтанд, ки ин нишондиҳандаи муттаҳидии ҷомеаи тоҷикон берун аз кишвар аст.

Пешвои миллат дар ин вохӯриҳо мавқеи устувори Тоҷикистонро дар бораи сулҳ, ҳамкорӣ ва рушди устувор баён дошта, аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ мавқеи ватанамонро бо ифтихору самимият ҳимоя намудаанд.

Ин сафари муҳимму пурарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи тозаеро дар таърихи муносибатҳои дипломатии ин ду давлат боз намуда, барои таҳкими обрӯву нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармояҳои хориҷӣ, густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва робитаҳои иқтисодӣ боз заминаи нав фароҳам хоҳад овард.

Ин қабил сафарҳо на танҳо манфиати сиёсии хориҷии кишварро таҳким мебахшад, балки ба рушду суботи ҷомеаи тоҷикон мусоидат менамояд.

Саломова Д.И. – ассистенти кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

You might also like