Ифротгароӣ ва маънии он
Қабл аз ҳама мо бояд донем, ки мафҳуми «ифротгаро» чӣ маъно дорад. Калимаи «ифрот» аз забони арабӣ гирифта шуда, маънояш «фатарот», «бесарусомонӣ», «хараҷу мараҷ» ва аз забони форсӣ «гаро» – «гаравидан», «шомил гаштан», «майл кардан» мебошад. Агар ба таърихи ифротгароӣ назар намоем, он падидаи нав набуда, дар замонҳои қадим низ ҷой дошт ва на танҳо дар доираи дин, балки дар дигар масоили иҷтимоиву сиёсӣ зуҳур менамуд. Дар замони муосир ифротгароӣ дар самти масоили динӣ бештар ба мушоҳида расида, сафи худро аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу сатҳи донишашон паст пур намуда, мақсад дорад, ки ҷавононро бероҳа ё гумроҳ намуда, тухми низоъ ва душманиро бикорад.
Барои мисол, ифротгароёни дини яҳудиро гирем, агар онҳо иброз медоштанд, ки «ғайри пайравони дини яҳудӣ гӯё дигар касе вориди биҳишт шуда наметавонад», ки бо ин амал бологузории як миллат аз болои дигар миллат мушоҳида мешавад.
Дар дини масеҳӣ бошад, пас аз марги Исо пайғамбар масъалаи сегонапарастӣ боиси ифротгароӣ гардид.
Дини мубини ислом ягон айбе надорад, аммо ҳамаи айбҳо дар мусулмонии мост. Ифротгароён дар Шарқи наздик сар бардошта,мақсад доранд, ки ҳудудҳои худро васеъ намуда, хилофати исломиро барпо намоянд ва гӯё «ҳамаро мусулмони комил гардонанд». Бо ин амал онҳо дини ислом ва номи мусулмононро доғдор намуда, ба қатлу ғорат даст мезананд.
Ифротгароён дар ҳамаи дину мазҳабҳои ҷаҳонӣ ҷой дошта, имконияту фурсат ёфта, зуҳур мекунанд. Аммо онҳо ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопоки хеш нахоҳанд расид, чунки имрӯз ҷавонон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки сатҳи дониши худро бо ҳар роҳу восита баланд бардоранд ва номбардори ниёгони бузургу некуманиши хеш гарданд.
Ҷомеаи муосири Тоҷикистон бар зидди ин гуна падидаҳои номатлуб муборизаи шадид бурда, намегузорад, ки ҷавонони тоҷик ба ин роҳи хатарнок ва бебозгашт қадам гузоранд.