Ба кирдорҳои бешарафон бетараф набошем!

Тоҷикистони азизи мо ватани ободу зебост ва яке аз давлатҳои рў ба тараққӣ ниҳодаи ҷаҳон мебошад. Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ  Ҳукумати кишвар фаъолияти худро аз сари нав оғоз намуд. Бадбахтона, ҷанги бародаркуш, ки бо тарафдории қувваи сеюм оғоз гардид, ба Тоҷикистон миллиардҳо доллар ҳисороти зиёди ҷонӣ ва молиявиро овард.

Бо заҳматҳои шабонарўзии ва меҳнати фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз Тоҷикистон мақому манзалати хешро байни беш аз 200 давлати дунё пайдо намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил шуда истодааст. Аммо афроде низ ҳастанд, ки мақсади асосии худро надониста, бозичаи ҳадафҳои сиёсии ғаразноки хоҷагони хориҷиашон шуда, мехоҳанд номи Тоҷикистонро сиёҳ ва обрўяшро дар арсаи ҷаҳонӣ коста гардонад, вале  то он даме, ки мардуми шарафманди мо дар худ ҳисси баланди ватандориву ватанпарастӣ ва худшиносии миллӣ доранд, онҳо ба ин гуна мақсадҳои нопоки худ нахоҳанд расид.

Ҳоло бошад дар ҷомеаи имрўза ватанфурўшони гумроҳ тариқи сомонаҳои интернетӣ таҳти ниқоби озодӣ ва демократия халқи оддиву содаро ҳамчун сипар барои расидан ба ҳадафҳои нопокаш истифода бурда истодаанд. Яке аз онҳо Муҳаммадиқболи Садриддин, агарчанде, ки вай  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд ёфтааст, ба қадру қиммати ватани худ нарасида, мехоҳад бо ақидаҳои хоми худ мардуми оддиро сарнагун созад.

Дар шароити имрўза масъалаи таъмини сулҳу субот ва тақвият бахшидани давлатдории миллӣ яке аз ҳадафҳои асосии ҷомеаи мо ба шумор меравад. Амнияту субот яке аз мақсадҳои асосии мо мебошад ва мо бояд ба қадри ин неъматҳои муҳим бирасем. Тоҷикистон даҳсолаҳои охир тадриҷан рушду инкишоф меёбад. Хусусан дар шароити имрўзаи зуҳури буҳрони эпидемологӣ бархе аз доираҳои фурсатталаб мехоҳанд, ки аз вазъият истифода намуда, ба мавҷудият ва амали худ машрўият бахшанд. Аммо новобаста аз ин мардуми мо имрўз зиракиву ҳушёрии худро аз даст намедиҳанд ва дарк мекунанд, ки танҳо бо таъмини ваҳдати миллӣ мо метавонем рушди минбаъдаи давлатдории миллии хешро таъмин созем. Хусусан, фаъолияти ҷомеаи Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар фаъолияти бадхоҳонаи гурўҳҳои фурсатталабро зери суол гузошт. Мардуми кишвар дар якҷоягӣ бо низоми идорӣ тавонистанд, ки ҷавоби мувофиқро ба вазъи эпидемологӣ бидиҳанд. Мудирияти саривақтии мушкилот боис гардид, ки тарсу ҳарос миёни аҳолӣ паст карда шавад ва сатҳи паҳншавии COVID-19 паст гардад. Аммо бадхоҳони кишвари мисли бешарафони гурўҳи террористии наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин ва Мирзои Салимпур  намехоҳанд, ки ин суботу оромӣ дар кишвар пойдор бошад.

Барои ҷавоби мувофиқ гуфтан ба дуруғпароканиҳои бадхоҳони миллат, ки дар берун аз кишвар истода ҳамлаҳои иттилоотиро идома медоданд филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» таҳия ва омода гардид. Дар ин филми ҳуҷҷатӣ бори дигар бо овардани далелҳои раднопазир ва шоҳидони айнӣ хиёнати нафарони алоҳида ва нерўҳои бадхоҳи кишвар исботи худро ёфтааст. Аз ин рў, зарур шуморида мешавад, ки ҳар нафари огоҳ ва бетафовут набуда ба тақдири миллату кишвар ин филми ҳуҷҷатиро тамошо ва хулосабарорӣ намояд, то ки ба дасисаҳои гурўҳҳои нохалаф бовар накунанд, зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд ва ҳамеша барои ҳифзи амнияти кишвар саҳмгузор бошанд.

Эгамназаров Ҳ.Ҳ. – н.и.ф., дотсент, мудири

кафедари забонҳо хориҷи ДДҲБСТ

You might also like