Ҳайфи шумо – назҳатиҳои бесаводу бевиҷдон
Ҳафтаи сипарӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Презитенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳини сафарӣ корӣ дар қаламрави вилояти Суғд ба шаҳри Исфара, аз ҷумла ба ҷамоати деҳоти Ворух қадам ранҷа намуда, ба пешниҳоди ҷониби Қирғизистон дар бораи иваз кардани Ворух посухи расмии мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ироа намуд. Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо сокинони ҷамоати Ворухи Исфара қотеона иброз дошт, ки дар ҳеҷ давраи музокироти Тоҷикистону Қирғизистон доир ба масъалаи таъину аломатгузории марзи давлатӣ баҳс нашудааст ва «дар тамоми муддати 19 соли гуфтушунидҳо масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад».
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ оид ба таҳкими муносибатҳои дўстона ва робитаи неки ҳамҷаворӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон таъкид кард: «Ба маълумоти мардуми Тоҷикистон ва махсусан, сокинони шаҳри Исфара дар деҳоти Ворух мерасонам, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанўз аз соли 2002 гуфтушунидҳоро бо ҷониби Қирғизистон оғоз карда, то имрўз беш аз 100 мулоқот дар байни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст. Илова бар ин, моҳи октябри соли 2019 дар музокироти сатҳи олӣ мо бо Президенти онвақтаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба мувофиқа расида будем, ки фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар сатҳи муовинони сарвазирҳо тақвият бахшида шавад».
Чи тавре ки Пешвои миллат иброз доштанд, аз ҷониби комиссия дар давоми 19 сол 519,9 километри сарҳадро муайян ва мувофиқа карда шуда, лоиҳаи аҳднома дар бораи сарҳади давлатӣ барои имзо омода шуда буд. Президенти Тоҷикистон гуфт, ки «Бо пешниҳоди ҷониби Қирғизистон мо ин санадро дар Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ намудем ва расмиёти дохилидавлатии онро ба анҷом расонидем. Аммо бо сабабҳои аз ҷониби Тоҷикистон вобастанабуда имзои ин аҳднома доир ба қитъаи мувофиқашудаи сарҳад то ҳанўз сурат нагирифтааст». Дар суханрониҳояш Пешвои миллат иброз дошт, ки таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ собит месозад, ки робита бо ҳамсоякишварҳо бояд бо дарназардошти эҳтироми якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба роҳ монда шавад.
Мавриди тазаккур мебошад, ки даъвоҳои беасоси Ҷумҳурии Қирғизистонро дар масъалаи гирифтану соҳиб гаштани маҳалли Ворухи Тоҷикистон, ки ҳамчун анклав дар минтақаи Қирғизистон қарор дорад, мо аҳолии Тоҷикистонро бетараф гузошта наметавонад. Ҳар як ваҷаби сарзамини ватани маҳбумамон азизу мўътабар буда, мо ин даъворо қотеона маҳкум менамоем. Ворух марзи нангу номус ва ватандориву меҳанпарастист. Ватандорӣ аз ҳимояи ҳар як ваҷаби хоку замин ибтидо гирифта, бо дўст доштану ободу зебо намудани он таҳким меёбад, рушд мекунад. Ватандории мо тоҷикон аз қадимулайём ба оламиён маълум мебошад. Аз Қаюмарси Пешдодиву Сосониёни шуҷоъ сар карда, то Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ ҳама соҳибмулку соҳибмеҳан, ватандору фидоӣ буданд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ тоҷикон ҳамчун миллати кўҳанбунёду ориённажод исботи раднопазири худро ёфтааст, ки наметавонад ҳар як касу нокас даъвои марзу буми Тоҷикистонро намояд. Қаҳрамониву ҷасорату далерии мардони шуҷои тоҷикон Коваи оҳангару Спитамон, Томирису Мониву Маздак, сарбадорону Восеъ, Айниву Бобоҷон Ғафуров ба олам машҳур буда, дар ҳар давру замон ҳар як ваҷаби марзу буми Ватани маҳбумамонро ҳифз карда омадаанд. Ҷавоби мо ба даъвогарони Қирғизистон қотеона садо медиҳад: ҳама сар ба сар ба куштан диҳем, аз он беҳ, ки хоки кишвар ба душман диҳем!
Мавриди гуфтанист, ки доир ба масъалаи сарҳади давлатӣ ТТЭ ҲНИ мавқеи хоинона ва душманонаро ишғол намуда, навори 2 сол қаблии роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчинбек Тошиевро дар бораи Лахшу Мурғоб нашр карда, амалан тарғибгари ҷониби қирғиз гашт. Тарғиботчиёни ТЭТ ҲНИ барои амалӣ сохтани манфиатҳои ғаразноки худашон ва пуштибонашон баҳсҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистони ҳамсояро ба миён гузошта, ҷанг меандозанду тамошо мекунанд. Аз сабаби он, ки М. Садриддин шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад, аз ин рў дар баҳсҳои сарҳадӣ мавқеи Қиғизистонро ҷонибдорӣ менамояд. Пас, шумо назҳатиҳо чӣ тавр даъвои ватандорӣ мекунед? Ҳайфи шумо, назҳатиҳои бесаводу бевиҷдон, ки аз ҷуғрофияи минтақа хабар надоред. Тавҳину таҳқири давлат доир ба масъалаи сарҳади давлатӣ ба он шабоҳат дорад, ки назҳатиҳо бе чуну чаро дар набардҳо дарвозаҳои кишварро ба сўи душманон мекушоянду ватанфурўшӣ мекунанд.
Яқубов Ҷ. – н.и.с., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ