Ватанфурӯшони гумроҳ
Рушда ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асрҳои охир хусусан асри XXI мураккаб гардида, гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ бо омилҳои гуногун вазъи иҷтимои, иқтисодӣ ва сиёсӣ таъсири манфии он ба тамоми сайёраи расонад.
Тоҷикистони азизи мо ватани ободу зебост ва яке аз давлатҳои рў ба тараққӣ ниҳодаи ҷаҳон мебошад. Пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ соли 1991 Тоҷикистон кору фаъолияташро аз сари нав оғоз намуд. Бадбахтона, ҷанги бародаркуш, ки бо қувваи сеюми бадхоҳ оғоз гардид, ба Тоҷикистон миллиардҳо зарари моддиву молиявӣ овард.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрўз Тоҷикистон мақому манзалати хешро байни беш аз 200 давлати дунё пайдо намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил шуда истодааст. Аммо имрўзҳо афродоне низ ҳастанд, ки мақсади худро надониста бозичаи ҳадафҳои сиёсии дигарон шуда, мехоҳанд номи Тоҷикистонро сиёҳ ва обрўяшро дар арсаи ҷаҳонӣ паст кунанд. Гарчанде ки ба ин мақсади нопоки худ намерасанд.
Ҳоло бошад дар ҷомеаи имрўза ватанфурўшони гумроҳ тариқи сомонаҳои интернетӣ таҳти ниқоби озодӣ ва демократия халқи оддиву содаро ҳамчун сипар барои расидан ба ҳадафҳои нопокаш истифода бурда истодаанд.
Иззат Амон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд ёфта, ба қадру қиммати ватани худ хидмат накарда, ба Федератсия Россия рафта шаҳрванд шудааст. Ҳамчун шаҳрванди Федератсияи Русия ҳамчун худро химоятгарӣ шаҳрвандони Тоҷикистон муаррифи карда, гўёки ҳуқуқу онҳор намояд. Дар фаъолияти худ метавонистас, ки «Маркази тоҷикон»-ро ташкил намояд ва ба таври пардапўшона барои аз худ кардани кўмакҳои молии муҳоҷирон истифода кардааст. Муҳоҷирони тоҷикро аз роҳ зада таври қаллоби сарсону саргардон кардаст. Мо ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикстон чунин шахсҳоро барои гулгул шукуфоии ватани маҳбубаморо бубаморо мезанад. Шахсе, ки ватани худро тарк карда, барои рушду нумои он хиссагузор нестанд, чӣ гуна барои шаҳрвандони мо ёрии молиявӣ ё иқтисодӣ мерасонад. Бояд зикр намуд, ки якчанд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикстон Холов И.А. дар Федератсияи Россия бо роҳи фиребу найранг, бо баҳонаи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз даҳҳо нафар маблағҳои калони пулӣ гирифта, аз худ кардааст. У худро гуё шахрванди мукаммали Россия фикр намуда хамчун лидери тоҷикон дар Россия эълон кардаст. Ваъле аз ҳаракатҳои ў маълум гардид ки ба ягон нафар шахрванди Тоҷикстон ягон хел кумаки ҳуқуқӣ низ нарасонидааст. Бинобар пас аз доду фарёди муҳоҷирони тоҷик мақомоти федератсия Россия тафтишот гузаронида, ки қаблан барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи 247, қ.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, дар шаҳри Душанбе аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.
Чунин душманон монанди Иззат Амон ҳамеша кўшиш менамоянд, ки фазои ороми ҷомеаро губоролуд намуда, нооромиҳо ба вуҷуд оранд. Онҳо ҳеҷ гоҳ ба мақсад нохоҳанд расид, зеро имрўз сиёсати ваҳдату якдилӣ дар ҷомеа пояи устувор дорад.
Мардуми Тоҷикистон шукрона менамояд, ки дар солҳои фаъолияти Пешвои миллат Тоҷикистон ба дастовардҳои беназир комёб гардидааст.
Эгамназаров Ҳ.Х. – дотсент, мудири
кафедари забонҳо хориҷи ДДҲБСТ