Кабирӣ барои ҷиноятҳои худ ҷазо гирад

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳоеро пеш овардааст, ки бештар дар асоси принсипи инсондўстӣ ва бо дар назардошти фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда арзёбӣ гардидааст. Мутаассифона, нафароне ҳаст, ки аз ин муқарраароти муқаддас ба таври оқилона истифода накарда, даст ба ҷиноят ва аз он бештарашро дар ҷомеа зоҳир менамоянд, ки боиси аз ҷиҳати манфӣ нишон додани сатҳӣ ҷинояткорӣ ва мисоли инҳо мегардад.

Тибқи қонунгузории ҷиноятии ҷумҳурӣ асоси ҷавобгарии ҷиноятӣ содир намудани кирдоре мебошад, ки дорои тамоми аломатҳои таркиби ҷинояти дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида аст

Ҷиноят ва сазовори ҷазо будани кирдор бо қонуне, ки дар вақти содир намудани он кирдор амал мекунад, муайян карда мешавад. Вақти содир намудани ҷиноят, вақти содир шудани кирдори барои ҷамъият хавфнок, сарфи назар аз вақти фаро расидани оқибатҳои он, эътироф карда мешавад. Кирдорҳои қасдан содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксар барои онҳо дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз дувоздаҳ соли маҳрум сохтан аз озодӣ ё ҷазои қатл пешбинӣ гардидааст, ҷиноятҳои махсусан вазнин эътироф мешаванд

Инҷо 4 моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси ин моддаҳо нисбати роҳбари собиқи ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ таҳлил мекунем:

Моддаи 107. Одамкушӣ дар ҳолати аз ҳадди мудофиаи зарурӣ баромадан ё дар ҳолати баромадан аз ҳадди чораҳое, ки барои дастгир намудани шахси ҷиноят содиркарда заруранд. Одамкушӣ дар ҳолати аз ҳадди мудофиаи зарурӣ баромадан, бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

Одамкушӣ дар ҳолати баромадан аз ҳадди чораҳое, ки барои дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда заруранд, бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

Моддаи 189. Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ. Ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ, ё паст задани шаъну эътибори миллӣ равона шудаанд, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал, агар ин кирдор ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма анҷом дода шуда бошад, бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

Ҳамин ҳаракат, агар а) такроран; б) бо зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он; в) бо истифодаи мақоми хизматӣ; г) аз ҷониби гурўҳи шахсон ё гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ анҷом дода шуда бошад , бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Ҳаракати пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар, а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил б) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад в) ба зўран пеш кардани шаҳрвад аз маҳалли сукунати доимӣ оварда расонад; г) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 199. Тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш. Тасарруфи силоҳи оташфишон, қисмҳои комплектии (пуркунандаи) он, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Тасарруфи силоҳи зарравӣ, химиявӣ, биологӣ (бактериологӣ) ва дигар намуди силоҳи қатли ом, ҳамчунин мавод ё таҷҳизотҳое, ки ҳангоми сохтани силоҳи қатли ом истифода шуданашон мумкин аст, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад

Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар: а) такроран; б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, в) бо истифодаи зўроварӣ, ки ба ҳаёт ва ё саломатӣ хавфнок нест ё бо таҳдиди истифодаи чунин зўроварӣ анҷом дода шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад

Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:   а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил,

б) бо истифодаи зўроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок аст ё бо таҳдиди истифодаи чунин зўроварӣ;

в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 313. Исёни мусаллаҳона. Ташкили исёни мусаллаҳона ё иштироки фаъолона дар он бо мақсади аз байн бурдан ё бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё вайрон намудани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

Дар нишасти хабарии худ Раиси Суди Олии мамлакат Шермуҳаммад Шоҳиён таъкид намуд, ки нисбати роҳбари ТЭТ ҲНИ Кабирӣ дар асоси муқаррароти қонун парвандаи ҷиноятӣ кушода шуд ва нисбати он ҳукми суд баромад. Кабирӣ ва дигар пайравони ӯ маҳз содиркунандагони ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ ҳастанд.

Абдувоҳидов М. Р. ассистенти кафедраи ҳуқуқи

соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ

You might also like