Ворух ҳеҷгоҳ анклав набуд ва намешавад

Ворух ҳеҷ гоҳ ҷазирақаламрав (анклав) набуд, лекин ҷониби Қирғизистон ғайриқонунӣ ин сарзамини қадимаи тоҷиконро чунин мепиндорад, ки хатои маҳз аст!

Бо фарорасии соли нави мелодии 2021, хусусан ҳафтаҳои охири моҳи марти соли равон сару садоҳо вобаста ба гўё мутааллиқ будани Ворух ҳамчун марзи Қирғизистон, аз ҳар гўшаю канорҳо баланд шуда истодаанд. Нафароне ки Ворухро анклав мепиндоранд (аз надонистани ҳақиқати таърихӣ ё аз ҳиссиёти иғвогаронаю миллатгароӣ) кўр ҳастанд.

Ворух қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол буд, ҳаст ва боқӣ мемонад. Доир ба ин масъала ягон хел баҳс ҷоиз нест, чунки таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон таърихи куҳан доранд ва мувофиқи сарчашмаҳои таърихии якчандкарата исбот гардида Ворух маҳалли зисти аҳолии тоҷиктабор буд, ҳаст ва боқӣ мемонад. Чашмро дурусттар кушода бинед истиқоматкунандагони Ворухи имрӯза ҳамон меросбароне ҳастанд, ки ниёгон ба онҳо гузошта рафтанд (забони тоҷикӣ, ахлоқу одоб, тарзи ҳаёти муқимӣ, анъанаҳои миллӣ…). Масъалаҳои барои мисол ҳамчун меросбарандагон оварда шуда ҳаргиз маънои миллатгроиро надорад ва фақат бо мақсади ба ҳақиқати таърихӣ бо чашмҳои кушод нигоҳ карданро ифода менамояд. Вобаста ба ин қайд менамоем, ки ТЭТ ҲНИ дар масъалаи сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон мавқеи хоинонаро ишғол намуда бори дигар симои зишти сиёсии худро нишон доданд. Бесаводони наҳзатӣ, ки ақлу фаросат ва виҷдони худро гум кардаанд аз ҷуғрофияи минтақа ва таърихи воқеъии он бехабар ҳастанд. Бинобар ҳамин дар ин ҷода низ онҳо ҳам ватанфурўш ва ҳам хоини ватан ҳастанд.

Бояд тазаккур дод, ки Ворух ва аҳолии он бепуштибон нест: Тоҷикистон яке аз кишварҳои амн аст, ки имрӯзҳо бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муааззами миллат Эмомалӣ Раҳмон рушд ёфта истодааст.

Мутобиқи муқаррароти Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад, ки:

ба ягон давлат ҳамчун душмани худ муносибат намекунад;

бар зидди дигар давлат қувваи ҳарбиро истифода намебарад, ба ғайр аз ҷавоби таҷовузи зидди худ ё иттифоқчиёнаш;

ба давлатҳои ҳамсоя даъвои ҳудудӣ ва дигар намуди даъво надорад;

барои минбаъд такмил додани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳия ва қабули маҷмўи чораву амалиётҳо оид ба масъалаҳои ҳарбию техникӣ бо ҳамаи кишварҳо, пешгирии муноқишаҳои ҳарбӣ дар манбаъҳои эҳтимолии муташанниҷ баромад мекунад[1].

Имрўзҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти ҳарбии кишварамонро таъмин карда метавонад. Мо ҳама халқи Тоҷикистон хурду калон новобаста аз мансубияти миллӣ, динӣ, мазҳабӣ ва монанди инҳо тарафдори бо роҳи гуфтушунид (музокирот) ҳаллу фасл намудани тамоми масъалаҳо, аз он ҷумла вобаста ба сарҳади давлатӣ ҳастем, лекин таъкид бояд намоем, ки Ворух ин марзи нангу номус ва ватандорӣ мебошад. Бинобарт ҳамин ягон ваҷаб хоки сарзамини тоҷикон ба касе дода намешавад. Дар ҳақиқат агар лозим шавад «ҳама сар ба сар ба куштан диҳем аз он беҳ, ки хоки кишвар ба душман диҳем.»

Пўлотов К.И. – муаллими калони кафедраи

ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва

пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like