Чорабиниҳои онлайнӣ дар самти татбиқи технологияҳои инноватсионӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва паёмҳои худ ба кормандони соҳаи маориф таъкид менамоянд, ки ба истифодабарии босамар ва тадбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд.
Барои амалӣ намудани супришҳои Сарвари давлат, бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, базаи моддии техникии донишгоҳ мустаҳкам гардида, бо таҷҳизоти пуриқтидорӣ телекоммуникатсионӣ ва барномаҳои компютерӣ таъмин мебошад. Ин аст, ки дар вактҳои охир иштирок дар чорабиниҳои онлайнӣ аз тарафи кормандони донишгоҳ вусъати бештар касб намудааст.
Чанде пеш муассисаи давлатии “Маркази милии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои доираи васеи вазорату идораҳо, муассисаҳои соҳаи илм ва маориф, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ тариқи реҷаи онлайнӣ вебинар дар мавзӯи “Тартиби бақайдгирии давлатии захираҳои иттилоотӣ” баргузора намуд, ки дар ин чорабинӣ кормандони бахшти технологияҳои иттилоотӣ ва рушди инноватсионии донишгоҳ иштирок намудан. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамасола аз тарафи омӯзгорон ва донишҷуёни донишгоҳ зиёда аз 20 корҳои илмии таҳқиқотӣ барои соҳиб шудани шаҳодатнома аз қайди давлатӣ мегузаронанд.
Инчунин, мудири бахши технологияҳои иттилоотӣ ва рушди инноватсионӣ дар онлайн конференсияи байналмилалии илмии EDCRUNCH Ural-2020 Донишгоҳи федералии Урали Федератсияи Русия иштирок намуд, масъалаҳои тадбиқшавӣ ва таҷрибаҳои амалишавии рақамикунонӣ (цифровизация) баррасӣ карда шуд.
Барои дастраскунии видеофайлҳои чорабиниҳои мазкур, хоҳишмандон метавонанд аз бахши технологияҳои иттилоотӣ ва рушди инноватсионӣ дастрас намоянд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




