Табрикоти ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон профессор Шарифзода Муъмин Машокир ба муносибати Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ

Боиси ифтихор   ва сарбаландист, ки имрӯз ҷомеаи кишвар зери таассуроти наҷиб аз таҷлили бошукӯҳи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии бузургдошти  Шайх Камоли Хуҷандӣ, ки  дар сатҳи ҷаҳонӣ ботантана таҷлил мегардад, Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатиро ҷашн мегиранд.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба гиромидошти шахсиятҳои сарнавиштсози миллат таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад ва арзишҳои моддию маънавии давлатдориамон рушду такомул меёбад.  Ҳамасола,  дар сатҳи шоиста истиқболи  Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ифодагари чунин сиёсат буда,  нишони садоқату арҷгузорӣ ба заҳмати созандагони  зиндагии пурсаодат – омӯзгорон ва рукни муҳими давлатдорӣ – забони давлатӣ маҳсуб меёбад.

Шумо – устодони гиромӣ аз зумраи шахсоне ҳастед, ки рисолати пуршарафи хешро ба тарбияи насли созандаю нерӯи тавонои ватандӯсту ватанпарвар равона менамоед. Сиришти омӯзгор болотар аз пиндор ва дурахшонтар аз таҷаллии хуршед аст. Сазовори эҳтироми самимӣ ва ифтихору сарбаланди ҷомеа гардидани омӯзгор ин самараи заҳмати рӯзафзун, ҳисси баланди масъулият дар назди ҷомеа ва ниҳоят шарафи баланди инсонии ӯст.

Забон, ки  падидаи беназир, мероси муқаддаси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ аст, тавассути он омӯзиши таъриху осори пурифтихори ниёгонамон ба роҳ монда мешавад. Ҳамоно, омӯзгори асилу бомаърифат аст, ки дар  омӯзиши дурри гаронбаҳои миллат бо ин забони ноб саҳм мегирад. 

Дар арафаи  ҷашнҳои муборак – Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳнати содиқонаю софдилонаатон дар татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф сипосгузории раёсат ва ташкилотҳои ҷамъиятии донишгоҳро изҳор менамоям. Дастовардҳои  беназиру фараҳбахши донишгоҳ, бахусус,  қадамҳои устувор дар роҳи ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ, ғолиябияти шогирдон дар олимпиадаю озмунҳои мухталиф, вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ натиҷаи заҳмати садоқатмандонаи  Шумо – омӯзгорон ва кушишу ғайрати  шогирдонатон дар ҷодаи донишандӯзӣ арзёбӣ мешавад.

Риояи меъёр ва поку бегазанд маҳфуз доштани забони давлатӣ  вазифаи ҷонии мо соҳибзабонон буда, ҳамеша ҳикмати бузурги аҷдодонро  дар мавриди пос доштани арзишҳои олии миллӣ дар раванди таҳсилу илмомӯзӣ ва умуман дар зиндагии худ ҳамҷоя мавриди баҳрабардорӣ ва амал қарор медиҳем. Минбаъд низ азму талоши созандаамон ба паёмадҳои боз ҳам беҳтарин роҳ хоҳад кушод.

Итминони комил дорам, ки  минбаъд низ ҳайати профессорону омӯзгорони боргоҳи маърифатамон ба ҳайси  симоҳои марказӣ ва калидӣ  бо саҳмгузорӣ дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ,  сиҳатии ҷомеа,  тарбияи насли созандаву мутахассисони варзида  рисолати бузурги хешро идома медиҳанд ва ҷашни муқаддаси миллиамон – сисолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо дастовардҳои муҳим истиқбол менамоянд.

Бо истифода аз фурсати муносиб аз номи раёсат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ ҳар яки Шумо – устодони  гиромиро бо иди касбӣ – Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ самимона табрику таҳният гуфта, бароятон  дар ин рӯзу ҳама рӯз тани сиҳат, хуррамию осоиштагии рӯзгор, иқболи баланд ва ривоҷи корҳои таълимию эҷодиро таманно менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

Ид муборак, ҳамкасбони азиз!

You might also like