Онлайн-конференсия: «Аккредитатсияи байналмилалӣ – омили баланд бардоштани сифати таълим»
30 сентябри соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тибқи нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020, дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонони хориҷӣ конференсияи байналмилалии илмию методӣ таҳти унвони «Аккредитатсияи байналмилалӣ – омили баланд бардоштани сифати таълим» баргузор гардид. Ҳамоиши байналмилалӣ дар реҷаи «онлайн» доир гардида, дар ҷараёни он олимону донишмандон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар, ҳамчунин намояндагони марказҳои илмӣ ширкат варзиданд.
Нахуст, муовини ректори донишгоҳ оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Даврон Бобоҷонов конференсияи байналмилалиро ифтитоҳ намуда, меҳмононро муаррифӣ ва мавзӯи ҳамоишро заруриву саривақтӣ маънидод кард.
Сипас, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Турақул Ризоқулов иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзудаанд: “Моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳматкашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем”.
Ҳамчунин, роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе Иванов Иван Сергеевич вобаста ба конференсияи байналмилалии илмӣ-методӣ таҳти унвони «Аккредитатсияи байналмилалӣ – омили баланд бардоштани сифати таълим» иҳзори назар кард.
Дар идомаи ҳамоиш Диана Фрайбергер роҳбари Фонди аккредитатсияи барномаҳои байналмилалии бизнес-маъмуриятчигӣ (FIBAA) аз Олмон таҳти номи “Аккредитатсияи байналмилалӣ дар минтақаи Авруосиё: равишҳо ва дурнамо”, Жумагулова Алина Бакытжановна-директори Агентии мустақили Аккредитатсия ва рейтинг, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Ҷумҳурии Қазоқистон дар мавзӯи “Аккредитатсияи байналмилалӣ дар Осиёи Миёна”, Пономарев Максим Александрович, декани факултети менеҷмент, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи иқтисодии Россия ба номи Г.В. Плеханов дар мавзӯи “Манфиатҳои аккредитатсияи байналмилалӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳангоми воридшавӣ ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ”, Даврон Бобоҷонов дар мавзӯи “Бо кор таъминкунӣ – нишондиҳандаи муҳими сифати таҳсилоти олӣ” маърӯзаҳо ироа намуданд.
Дар конференсия қайд карда шуд, ки таҷрибаи фаъолияти донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон собит менамояд, ки яке аз омилҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ҷаҳон ташкил ва баргузор намудани аккредитатсияи байналмилалии барномаҳову ихтисосҳои таълимӣ маҳсуб мешавад. Аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои муассисаҳои олӣ афзалиятҳои зиёд, ба монанди таъмини сифати барномаҳои таълимӣ, рақобатпазирии муассисаҳои олӣ ва эътироф гардидани дипломи муассисаҳои ҷумҳурӣ дар дигар давлатҳоро доро мебошад.
Конференсияи байналмилалии илмӣ-методӣ дар бахшҳои алоҳида идома гардида, устодону донишҷӯён бо маърӯзаҳои илмӣ баромад хоҳанд кард.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа