Татбиқи технологияҳои рақамӣ – омили муҳими рушди иќтисодиёти кишвар

Шарифзода М.М., д.и.и., профессор,

ректори Донишгоњи давлатии њуќуќ,

бизнес ва сиёсати Тољикистон

Ризокулов Т.Р., д.и.и., профессор,

муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи

Донишгоњи давлатии њуќуќ, бизнес ва сиёсати Тољикистон

 

Татбиқи технологияҳои рақамӣ – омили муҳими рушди иќтисодиёти кишвар

 

Паёми Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба сокинони мамлакат – муњимтарин падидаи оѓози соли таќвимї, рањнамои њаёти давлату љомеа дар марњилаи оянда мебошад. Паёми Сарвари давлат дар муайян намудани пањлўњои мухталифи сиёсати Њукумати Љумњурии Тољикистон дар густариши дастовардњои сиёсї, инкишоф ва баланд бардоштани сатњи иљтимою иќтисодї, таъмин ва тањкими амнияти иќтисодии миллї наќши калидиро мебозад.

Мањз бо туфайли сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон имрўз мардуми тољик ба марњилаи рушду нумўи устувор дар соњањои хољагии халќи мамлакат шарафёб гардида истодааст. Аз ин рў, Паёми Президенти кишвар ќадаме ба самти пешравї ва гул-гулшукуфии давлати љавони соњибистиќлоламон мебошад.

Лозим ба таъкид аст, ки мардуми тољик тањти сарварии Пешвои миллат имрўзњо њадафи бузург – бунёди давлати соњибистиќлол, аз лињози сиёсї мустањкам, дунявї ва демократиро, ки дар он некўањволї ва њуќуќњои иљтимоии мардум таъмин аст, сарбаландона амалї менамояд. Њамасола дар Паёми Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон тамоми пањлуњои њаёти кишвар бо мисолњои даќиќ мавриди тањлилу баррасї ва хулосабарорї ќарор мегиранд.

Боиси ифтихор аст, ки такмили сатњи зиндагии мардум, таъмини њифзи иљтимоии табаќањои ниёзманди ањолї ва баланд бардоштани нерўи инсонї яке аз њадафњои муњимтарини сиёсати иќтисодии давлат аз оѓози даврони Истиќлолият ба њисоб меравад.

Дар ин радиф, соли љорї Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми хеш ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон зарурати баланд бардоштани сатњу сифати некўањволии ањолиро таъкид дошта, баён намуданд, ки барои њалли он дар сохтори иќтисодии мамлакат шароити мусоид фароњам оварда шудааст. Пешвои миллат махсус ќайд карданд, ки “… Дар њафт соли охир рушди иќтисодиёти кишвар њамасола ба њисоби миёна дар сатњи 7 фоиз таъмин гардида, маљмўи мањсулоти дохилї аз 45,6 миллиард сомонї ба 78 миллиард афзоиш ёфт. Дар ин давра њаљми умумии даромади буљет ќариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонї баробар шуд. Тайи солњои зикршуда даромади пулии ањолї беш аз ду баробар ва музди мењнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш ёфт. Баќияи пасандозњо дар низоми бонкии кишвар соли 2019 беш аз 9,5 миллиард сомониро ташкил карда, дар њафт соли охир 45 фоиз зиёд гардид. Сатњи камбизоатї ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шањрвандон то 75 сол боло рафт. Њамзамон бо ин, тибќи тањлилњо дар замони соњибистиќлолї нишондињандаи умумии фавт ќариб ду баробар, аз љумла фавти кўдакони синни то панљсола 3,2 баробар кам шудааст”.

Бањри ноил гардидан ба маќсади мазкур ва њадафњои стратегии кишвар дар Паёми Пешвои миллат тањлили пурраи самтњои мушаххас таъкид гашта, мутахассисони соња вазифагузорї карда шуданд:

  • ќабул ва амалї сохтани барномаи миёнамўњлати рушди иќтисодиёти раќамї;
  • њавасмандсозии истењсолкунандагони ватанї, боз њам содаву оммафањм гардондани маъмурикунонии андоз, инчунин тањияи Кодекси андоз дар тањрири нав;
  • љалби сармояи мустаќим барои ташкили корхонањои хурду миёнаи истењсолї, бахусус дар соњањои саноати сабук ва хўрокворї;
  • дастгирии соњибкории хурду миёна, махсусан дар соњањои истењсолї ва содиркунандагони ватанї, таъсиси бонк бањри дастгирии соњибкорї;
  • њавасмандгардонии содирот, таъмини гуногуншаклии истењсолоти ба содирот нигаронидашуда ва содагардонии расмиёти савдо;
  • интихоби минтаќањо тибќи занљираи “ашёи хом – истењсоли мањсулоти нињої – дарёфти бозори фурўш”;
  • таљдиду азнавсозї, тозаву озода ва ободу зебо гардондани мањалли зист, кўчаву хиёбон ва њамаи мањалњои ањолинишин;
  • ташкили гармхонаву сардхонањо ва бењтар намудани таъминоти бозори истеъмолї бо мањсулоти хушсифати ватании аз лињози экологї тоза;
  • омода намудани мутахассисони забондон, донандаи фарњангу таърих ва технологияњои муосир, кормандони ширкатњои сайёњї, роњбаладњо, тарљумонњо ва дигар мутахассисони соњаи бозори сайёњї;
  • баланд бардоштани сатњи сифати таълим дар њар як муассисаи таълимї, сарфи назар аз шакли моликияти онњо, таќвият бахшидан ба мутолиаи китобњои бадеиву илмї, баланд бардоштани савияи дониши љавонон аз фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї;
  • эълон гардидани солњои 2020 – 2040 “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї дар соњаи илму маориф”;
  • аз љониби њамаи сохтору маќомоти марказиву мањаллї, корхонаву муассисањо, љомеаи шањрвандї, ташкилоту муассисањои давлативу ѓайрињукуматї, соњибкорону тољирон ташкил кардани љойњои корї дар кишвар;
  • рушди босуръати соњаи гидроэнергетика;
  • идомаи ислоњоти иќтисодї ва таъмини рушди босуботи минтаќањои кишвар;
  • татбиќи сиёсати самараноки молиявї;
  • таќвият додани низоми њамоњангсозии сиёсати рушд бо маќсади таъмини самаранокии идоракунии давлатї.

Дар як маќола баррасї кардани њамаи самтњои мазкур ѓайриимкон аст, бинобар ин оид ба якчанд вазифањои пешнињодгардида ибрози андеша менамоем.

Дар муќаддимаи Паёми худ муњтарам Пешвои миллат махсус таъкид намудаанд, ки “Њукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки бо маќсади њарчи зудтар љорї кардани технологияњои раќамї дар соњањои иќтисодиву иљтимої, ки дар Паёми соли гузашта таъкид гардида буд, консепсияи иќтисодиёти раќамї ва дар асоси он барномаи миёнамуњлати рушди иќтисодиёти раќамиро ќабул ва амалї созад. Маќомоти давлатї дар шароити иќтисоди бозаргонї ва раќамигардонии фаъолияти идоракуниву истењсолот бояд сиёсати ягонаи иќтисодиро танњо бо истифодаи механизм ва шаклу усулњои муосир ба танзим дароранд”.

Дар њаќиќат марњилаи кунунии рушди тамаддуни башарї, иќтисодиёти Тољикистонро низ ба маљрои равандњои љањонишавї, ки шароити гузариш ба модели нави рушди иќтисодиро дар асоси истифодаи пурраи технологияњои раќамї фароњам меорад, мекашад. Дар навбати худ, ба иќтидори зењнии захирањои мењнатї ва тавсеаи нерўи эљодии онњо дар фаъолияти иќтисодї диќќати бештар дода шудааст. Аз ин рў, њамаи ин ањамияти рушди технологияњои раќамиро асоснок менамояд.

Имрўз иттилоотонии љомеа гузариши аксари кишварњои љањонро аз иќтисодиёти индустриалї ё постиндустриалї ба иќтисоди раќамї ногузир сохтааст. Сабабњои умда ва бунёдии ногузирии гузариш ба иќтисодиёти раќамиро номбар мекунем:

  • пешрафти илму техника дар тамоми соњањои фаъолияти инсонї;
  • пањншавии васеи технологияњои иттилоотї ва коммуникатсионї;
  • оммавї гардидани истифодаи технологияњои иттилоотї ва коммуникатсионї дар кулли самтњои њаёти иќтисодї-иљтимоии љомеа;
  • имкониятњои нав дар ташаккули фазои иттилоотї ва коммуникатсионї барои тамоми табаќањои ањолї;
  • табдил додани технологияњои раќамї ба омили баланд бардоштани раќобатпазирї ва рушди сохторњои соњибкорї.

Љорї намудани иќтисоди раќамї дар кишварњои љањон хусусиятњои вижа дорад. Дар иќтисодиёти кишварњои пешрафта заминањои гузариш ба иќтисоди раќамї хеле баланд аст. Дар аксари мамлакатњои рў ба тараќќї нињода, ки ба онњо сатњи ѓайрикофии рушди технологияњои иттилоотї ва коммуникатсионї хос мебошад, љорї кардани иќтисодиёти раќамї амри муњол аст. Лозим ба ќайд аст, ки ривољу равнаќи иќтисодиёти раќамї аз сатњи рушди иќтисодии кишварњои љањон вобастагї дорад.

Рушди иќтисоди раќамї дар кишварњои љањон дар асоси нишондињандањои мухталиф, ки аз љониби ташкилотњои байналмилалї, муассисањо ё пажўњишгоњњои махсуси илмї њисоб карда шудаанд, арзёбї карда мешавад. Аз 9 номгўи сатњи рушди иќтисодии раќамї ва ташкилотњои байналхалќї, алњол Тољикистонро њамагї аз рўи чањор нишондињанда арзёбї мекунанд. Масалан, аз рўи индекси рушди њукумати электронї (EGDI) Тољикистон дар байни 185 давлати дунё љойи 131-умро ишѓол менамояд. Тибќи индекси омодакунии шабакавї (NRI) бошад, мамлакати мо дар љойи 114 ва  дар индекси глобалии инноватсионї (GII) љойи 101-ро ишѓол мекунад. Аз нуќтаи назари рушди технологї ва мављудияти муњити дастгирї Тољикистон дар давраи аввали гузариш ба иќтисодиёти раќамї ќарор дорад.Дар иќтисодиёти раќамї бартарияти принсипи “зиндагї ва тањсил”, бо ибораи дигар “таълим дар тамоми њаёт” зоњир мегардад. Иќтисоди раќамї зарурати такмили доимии мамлакатњои касбии мутахассисонро таќозо мекунад, зеро љойњои корї дар асоси технологияи нав босуръат пеш мераванд. Зеро дар шароити автоматикунонї, пањншавии робототехника ва рушди технологияњои раќамї, чизи асосї на дипломњои донишгоњњои бонуфуз, балки мањорату касбияти кормандон ва тавоноии онњо дар самти коркард ё ин ки истифодаи технологияи раќамї ба шумор меравад.

Чуноне, ки Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми худ ба Маљлиси Олї таъкид намуданд: “Дар марњалаи кунунии пешрафти Тољикистон ба соњањои илму маориф афзалияти аввалиндараља дода мешавад, зеро онњо дар тањкими пояњои давлати демократї ва њуќуќбунёду дунявї наќши калидї мебозанд”. Њамчунин, Сарвари кишварамон пешнињод намуданд: “Ба хотири боз њам бењтар ба роњ мондани омўзиши илмњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солњои 2020 -2040 “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї дар соњаи илму маориф” эълон карда шавад”. Ба андешаи мо, дар њамаи донишгоњњо ва донишкадањои такмили ихтисоси кадрњо бояд барномањои махсуси омўзиши фанњои даќиќ фаъолона ба љараёни таълим дохил карда шаванд.

Дар асри ХХ илм ва техника мунтазам, босуръат ва хеле самарабахш рушд кард ва месазад, ки садаи гузаштаро асри “инќилоби илмї” номем. Хусусан, дар мамлакатњои тараќќикарда илму техника бо суръати кайњонї пеш рафта, автоматикунонии љойи корї, ихтирооти техника, технология, усулњои нави ташкил ва идоракунии кор, рушди технологияњои иттилоотї, гузариш ба иќтисодиёти раќамї ављ гирифт.

Беш аз пеш маълум шуда истодааст, ки ноил гардидан ба пешравї дар љомеаи љањонии имрўза танњо тавассути омўзиш ва рушди њаматарафаи илмњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї имконпазир аст. Мусаллам аст, ки бисёр муаммоњои инсоният, аз љумла рафъи гуруснагї ва касалињои гуногун, аз худ кардани кайњон, истифодаи энергетикаи атомї, интеллекти сунъї ва ѓайраро танњо илм њаллу фасл карда метавонад. Илова бар ин, ќайд кардан лозим аст, ки натанњо навоварињои бузург, њатто истењсоли чизњои одї, аз ќабили коѓаз, ќалам, гўгирд низ дониши амиќи фанњои даќиќро талаб мекунад.

Чї тавре, ки таљрибаи давлатњои мутараќќї нишон медињад, рушди илму маориф сарчашмаи пешравии иљтимою иќтисодї мебошад. Давлатњои пешрафтаи дунё, аз љумла ИМА (аз њама зиёд шумораи лауреатњои нобелї дар самти фанњои даќиќ ва иќтисодиёт), Љопон (пас аз Љанги дуюми љањон сармоягузорї ба маориф ва иќтисодиёти Љопонро ба яке аз љойи аввалин дар љомеаи љањонї расонид), Чин (таќрибан 50%-и хатмкунандагони донишгоњњои Чин дастпарварони риштаи фанњои даќиќ мебошанд, ки мамлакатро ба ќатори истењсолкунандаи бузурги љањонї дароварданд), кишварњои Аврупо (дар соњаи мошинсозї, радиоэлектроника, металлургия, сохтани киштињои кайњонї, электроника, муњандисї пешќадам буда, ба давлатњои мутараќќї табдил ёфтаанд) мисоли барљастаи ин иддао мебошанд.

Боиси тазаккур аст, ваќте ки дар мамлакатњои мутараќќї сухан оид ба рушди илм меравад, пешрафти илмњои физика, химия, математика, барномасозї, технологияи компютерї, астрономия дар назар дошта мешавад.

Гузашта аз ин, њатто рушди илми иќтисодї низ бо дараљаи истифодаи усулњои математикї дар њалли масъалањои иќтисодї арзёбї мегардад. Яке аз сабабњои аз љониби олимони давлатњои Ѓарб эътироф нагардидани корњои илмї-тадќиќотии олимони иќтисоддони шўравї дар он буд, ки бештари корњои илмї-иќтисодии давраи шўравї характери тавсифї дошта, истифодаи усулњои математикї хеле кам ба чашм мерасид. Дар иртибот бо гуфтањо лозим ба ќайд аст, ки маълумоти пойгоњии ќисми зиёди лауреатњои мукофоти нобелї дар соњаи иќтисодиёт риёзиёт аст. Бо аќидаи мо, соњиб шудан ба донишњои зарурии табиатшиносї, даќиќ ва риёзї њоло чун кафили ноил гаштан ба муваффаќиятњои назаррас эътироф гардидааст.

Хуллас, имрўз раванди таълим бояд бо назардошти талаботи иќтисоди раќамї ташкил карда шавад, зеро танњо чунин равиш метавонад иштиѓоли устувори бозори мењнатро таъмин намояд. Муњимтар аз њама мусоидат ба рушди нерўи зењнии инсон ќувваи кориро ба сармояи асосии истењсолот табдил менамоянд. Дар бозори мењнати иќтисодиёти раќамї касбњои зерин ба истилоњ “бозоргир” мебошанд: меъмори шабакаи иттилоотї, ороишгари интерфейс, тањиягари модели калон (мутахассисе, ки системањои љамъоварї ва коркарди миќдори зиёди маълумотро тарроњї мекунад), аудитор оид ба технологияи иттилоотї, муфаттиш кибер (коршиноси тањќиќи киберљиноятњо), мушовир оид ба масъалањои амнияти иттилоотї, мутахассис оид ба технологияи амнияти иттилоотї, кор бо равандњои истењсолоти автоматї, кибертехнологияи муњити зист, дизайнери интерфейсњои зењнї ва ѓайра, ки кулли онњо дониши мукаммали фанњои даќиќро талаб менамоянд. Боиси ќайд аст, ки бисёр донишгоњњои пешрафтаи кишварњои ѓарбї аллакай чунин мутахассисонро омода мекунанд. Дар давоми дањсолањо барномањои таълимї оид ба илми иттилоот, тиљорати электронї, зењни сунъї, технологияи маърифатї татбиќ шудаанд.

Чи тавре, ки Сарвари мамлакат дар Паёми  навбатї ќайд карданд: «Њукумати мамлакат, вазоратњои маориф ва илм, мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї ва дигар вазорату идорањое, ки дар сохторашон муассисањои таълимї доранд, инчунин, раисони вилоятњо ва шањру ноњияњо вазифадор карда шуданд, ки дар муддати панљ соли оянда шањрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу њунар надоранд, ба касбу њунаромўзї љалб намуда, љињати саросар соњибкасб кардани ањолї тадбирњои љиддиро роњандозї намоянд».

Аз ин лињоз, гуфта метавонем, ки омўзиш ва рушди илмњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї, бешубња ба пешравии иќтисодї – иљтимоии Тољикистон низ такон мебахшад. Боиси ќайд аст, ки дар сиёсати давлатдории Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон рушди илму маориф маќоми хоса дорад. Њамасола дар Паёмњо, вохўрї бо зиёиён, суханронињо бахшида ба Рўзи дониш ва ѓайра муњтарам Пешвои миллат Эмомалї Рањмон ба рушди фанњои даќиќ ањамияти хоса зоњир менамоянд. Бањри иљрои дастуру супоришњои Сарвари давлатамон Њукумати мамлакат барномањои махсуси давлатиро тарњрезї карда, дар амал љорї менамоянд. Бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон тањти № 101 аз 14 апрели соли 2010 “Барномаи рушди илмњои табиатшиносї, риёзї ва техникї барои солњои 2010-2020” тасдиќ ва дар амал татбиќ шуда истодааст.

Имрўз Тољикистон њамчун кишвари муосири љомеаи љањонї ба мутахассисони соњаи даќиќ, аз љумла муњандисони соњавї, яъне саноат, радиоэлектроника, электротехника, астрофизика, барномарезї, муњандисони амнияти иттилоотї, дорусозон, роњсозон, меъморон ниёз дорад. Махсусан, зарурати гузариш ба иќтисодиёти раќамї моро водор месозад, ки ба масъалаи рушди илмњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї ањамияти љиддї дињем. Дар ин росто, масъалагузории Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми имсола хеле бамаврид аст: “Роњбарону кормандони соњаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгирињои давлат ва афроди ватандўст сатњу сифати таълимро дар њар як муассисаи таълимї, сарфи назар аз шакли моликияти онњо ва дар њамаи зинањои тањсилот баланд бардоранд. Инчунин назорати азхудкунии донишњои замонавиро пурзўр гардонида, наврасону љавононро ба мутолиаи китобњои бадеиву илмї ташвиќ намоянд, ќобилияти эљодии онњоро таќвият бахшанд ва ба таълими фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї таваљљуњи бештар зоњир намоянд”.

 

You might also like