ДДҲБСТ: Баргузории семинари илмию назариявии байнидонишгоҳӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди фанҳои дақиқ диққати махсус зоҳир менамоянд, зеро пешрафти босуръати илму техника бе истифодаи методҳои математикӣ имконнопазир аст. Ин таваҷҷӯҳи Пешвои миллат аз муассисаҳои таълимӣ тақозо менамояд, ки ҷиҳати омўзиши фанҳои дақиқ талоши бештар намоянд. Яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ва ба ин восита омода намудани мутахассисони ҷавобгў ба талаботи замони муосир ба ҳисоб меравад.
Санаи 09.04.2020 дар ДДҲБСТ семинари навбатии илмӣ- назариявии байнидонишгоҳӣ бо роҳбарии д.и.ф.-м., профессор Байзоев С. баргузор гашт, ки ба ин семинар олимони соҳаи математика аз мактабҳои олии ш.Хуҷанд ҷалб гардиданд. Дар семинари мазкур аз дигар донишгоҳҳо мудири кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи ДПДТТ, дотсент Ғуломнабиев С., Олимӣ Абдуманнон Ғаффорзода, номзади илмҳои ф.- м., дотсенти кафедраи муодилаҳои дифференсиалӣ ва анализи математикии ба номи профессор Мўҳсинов А. МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”, сармуаллими кафедраи математикаи олӣ ва амалии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров” Содиқов М.О., донишҷўёни курси 4-и ДПДТТ ва намояндагони раёсати донишгоҳ, устодони кафедраи фанҳои риёзӣ- табиатшиносии муосири донишгоҳ ширкат варзиданд.
Минбаъд низ баргузории чунин семинарҳои умумидонишгоҳӣ ба нақша гирифта шудааст.