Муаммоҳои мубрами фанҳои риёзӣ ва татбиқи онҳо
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки илмҳои дақиқ, тафаккури техникӣ, технологияҳои муосир ва ҷаҳонбинии иттилоотӣ ба омили пешбарандаи иқтисодиёт ва ояндаи ҷомеа табдил ёфтааст. Пешвои муаззами миллат “Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040”-ро пешниҳод намуданд, зеро танҳо ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷомеаи бо донишҳо ва тафаккури техникӣ мусаллаҳ метавонад алайҳи ҳама гуна буҳронҳо рақобатпазир, тобовар ва муваффақ бошад.
Дар ин замина дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинари байнидонишгоҳии ”Муаммоҳои мубрами фанҳои риёзӣ ва татбиқи онҳо” баргузор гардид. Дар кори семинари умумидонишгоҳӣ як зумра олимону донишмандони илмҳои дақиқ аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят ширкат варзиданд. Семинарро муовини ректори донишгоҳ Турақул Ризоқулов ифтитоҳ намуд. Дар ҷараёни семинар риёзидонон дар мавзӯҳои “Масъалаҳои мубрами назарияи муодилаҳо бо ҳосилаҳои хусусӣ дар фазоҳои функсионалии мухталиф”, “Наилучшие приближения функции в пространстве Гильберта”, “Формулаи умумӣ ва масъалаҳои намуди Коши Рикйе барои муодилаи диффиренсалии оддии намуди махсуси дорои нуқтаи канорӣ ва дохилии сингулярӣ”, “Об исследовании одного класса комплексных интегро-дифференсиалных уравненый” ва “Саҳми олими риёзидон Абу Маҳмуди Хуҷандӣ дар рушди астраномия” маърӯзаҳо ироа намуданд.
Иброз гардид, ки баргузории ин қабил семинарҳои омӯзишӣ дар донишгоҳ барои таҳлилу таҳқиқи фанҳои дақиқ ва баланд бардоштани сатҳи омӯзиши фанҳои табиию риёзӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.