Усули таҳияи мақолаи илмӣ
Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинари илмию методӣ дар мавзӯи “Усули таҳияи мақолаи илмӣ” доир гардид. Дар кори семинар устодону кормандон, олимони ҷавон ва магистрантон иштирок намуданд.
Нахуст, муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсия, профессор Турақул Ризоқулов баромад карда афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Илм меҳвари асосии рушди ҳар як кишвар мебошад ва олимон захираи бузурги зеҳнии ҷомеа маҳсуб меёбанд”.
Ҳамчунин, сардори раёсати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди инноватсионии донишгоҳ, дотсент Зарина Самадова доир ба роҳу усулҳои омода намудани мақолаҳои илмӣ ба иштирокчиён маълумот дод.
Дар идомаи семинари илмию методӣ раиси шӯрои олимони ҷавони вилоят, дотсент Шӯҳрат Саидзода дар мавзӯи “Баъзе хусусиятҳои омода намудани мақолаҳои илмӣ” ва директори нашриёти “Дабир” Нурихон Охунҷонова таҳти унвони “Сохтори мақолаи илмӣ: моҳият ва масъалаҳо”маърӯзаҳо ироа карданд.
Қайд гардид, ки баргузориву ташкил намудани чунин семинар ва мизҳои мудаввар бо ҷалби олимони ҷавону магистрантон барои бештар намудани сафи олимони ҷавон, таҳияи мақолаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва дар умум ба рушди соҳаи илм заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа