СИЛСИЛАЧОРАБИНИҲО БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДДҲБСТ

Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраву факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, маърифатӣ ва тарбиявӣ баргузор гардиданд.

Зимни чорабиниҳо омӯзгорону донишҷӯён оид ба таърихи пайдоиш, мақому манзалат ва нақши Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдорӣ, соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва худшиносии миллӣ ибрози андеша намуданд.

Таъкид гардид, ки эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ нишонаи муҳаббат ба Ватан, садоқат ба давлат ва масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар дар ҳифзи арзишҳои миллӣ мебошад.

Чунин иқдомҳо ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтироми донишҷӯён ба муқаддасоти давлатӣ мусоидат менамоянд.

 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like