БАРГУЗОРИИ ҲАФТАИ КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ ДАР ДОНИШГОҲ
Аз 16 то 19 ноябри соли 2026 дар факултети бизнес ва иқтисодиёти байналмилалии Донишгоҳ Ҳафтаи кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ таҳти унвони «Иқтисоди ҷаҳонӣ дар масири рақамикунонӣ ва навоварӣ» баргузор гардид.
Дар доираи ҳафтаи мазкур бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён як қатор чорабиниҳои илмӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ баргузор шуданд.
Аз ҷумла, маросими ифтитоҳи ҳафта, мизи мудаввар таҳти унвони «Тоҷикистон дар низоми иқтисоди ҷаҳонӣ: ҳамгироии байналмилалӣ ва дурнамои рушди устувор» ва семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Сиёсати рақамикунонии иқтисоди миллӣ дар меҳвари ташаббусҳои стратегии Пешвои миллат» доир гардиданд.
Ҳамзамон, вохӯрии донишҷӯён бо намояндагони филиали КВД «Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон – Саноатсодиротбонк» дар шаҳри Хуҷанд дар мавзуи «Амнияти молиявӣ ҳамчун омили суботи иқтисоди ҷаҳонӣ», маҳфили судманд таҳти унвони «Магистратура – оғози марҳилаи нави камолоти илмӣ ва касбӣ» ва маҳфили тарбиявӣ дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими мақоми зан ва баланд бардоштани мавқеи ӯ дар ҷомеа» баргузор шуданд.
Дар идомаи ҳафта семинар-тренинг бо иштироки намояндагони ҶСК «Алиф» таҳти унвони «Баланд бардоштани саводнокии молиявии донишҷӯён дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт» ва маҳфили илмии донишҷӯёни «Интегратсия» дар мавзуи «Рушди иқтисоди рақамӣ ҳамчун омили ташаккули рақобатпазирии иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардиданд.
Зимни чорабиниҳо масъалаҳои рақамикунонии иқтисоди миллӣ, амнияти молиявӣ, рушди соҳибкорӣ, истифодаи технологияҳои муосир, зеҳни сунъӣ, ҳамгироии байналмилалӣ, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва баланд бардоштани маърифати иқтисодиву молиявии донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳафтаи кафедра бо баргузории чорабиниҳои мазкур ба таҳкими донишҳои назариявию амалии донишҷӯён, рушди тафаккури илмӣ ва густариши робитаи таълим бо фаъолияти амалии соҳаҳои иқтисодиёт мусоидат намуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




















