БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА СОЛГАРДИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ДАР ДДҲБСТ
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии идона роҳбарият, устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок намуданд.
Нахуст, ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода ҳозиринро ба муносибати ин санаҳои муҳими таърихӣ табрику таҳният гуфта, таъкид дошт, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дошта, бо таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва муайян гардидани самти рушди минбаъдаи кишвар алоқаманд мебошанд.
Зимни суханронӣ зикр гардид, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз дар таърихи миллати тоҷик нақши муҳим гузошта, барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувори Тоҷикистон мусоидат намуд. Ҳамзамон, аҳамияти ин санаҳо дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва масъулиятшиносӣ таъкид карда шуд.
Сипас, дар васфи Ватану миллат, давлатдории миллӣ ва хизматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шеърҳо, қироати бадеӣ ва гуфторҳои пурмуҳтаво манзури ҳозирин гардиданд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо пешниҳоди сурудҳои ватандӯстона, ки бозгӯкунандаи роҳи таърихии ташаккули давлатдории миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши Роҳбарияти олии давлат дар таҳкими сулҳу субот буданд, идома ёфт. Барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки донишҷӯёни Донишгоҳ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, фазои идона ва хотирмонро фароҳам овард.
Чорабинии тантанавӣ дар рӯҳияи ифтихор аз давлату давлатдорӣ, арҷгузорӣ ба таърихи миллат, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии ҷавонон баргузор гардид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа
























