БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – РОҲИ МУҲИММИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ

12 ноябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии маърифатӣ бо намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники адлия Васлибек Назриён баргузор гардид.
Дар чорабинӣ декани факултети бизнес ва иқтисодиёти байналмилалӣ, дотсент Туразода Ҷ. А., муовинони декан, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисоси хадамоти гумрук иштирок намуданд.
Нахуст, декани факултет дотсент Туразода Ҷ. А. чорабиниро ифтитоҳ намуда, меҳмони вохӯриро ба иштирокдорон муаррифӣ кард.
Сипас, Васлибек Назриён дар мавзуи «Муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъист» маърӯза намуда, доир ба оқибатҳои манфии коррупсия, роҳҳои пешгирии он, риояи талаботи қонунгузорӣ ва нақши ҷомеа дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб андешаронӣ кард. Зикр гардид, ки пешгирии коррупсия масъулияти дастаҷамъӣ буда, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ҳисси масъулиятшиносӣ ва ташаккули фарҳанги поквиҷдонӣ дар ҷомеа аз омилҳои муҳими муқовимат ба он ба шумор мераванд.
Дар идомаи вохӯрӣ донишҷӯён саволҳои худро пешниҳод намуда, вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида посухҳои мушаххас гирифтанд.
Чорабинӣ дар таҳкими донишҳои ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи қонунмеҳварӣ, адолатпарварӣ ва поквиҷдонӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа


 

You might also like