ДОНИШҶӮЁНИ ДДҲБСТ СОҲИБИ БУРСИЯИ САФИРИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГАРДИДАНД
Ду нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон – Ҳакимова Шукрона ва Абдухамидов Муҳаммадрасул соҳиби бурсияи Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.
Ба ин муносибат ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода донишҷӯёнро ба ҳузур пазируфта, онҳоро ба муносибати ин дастоварди назаррас табрик намуд.
Зимни мулоқот ректори Донишгоҳ ба донишҷӯён барои ноил гардидан ба ин дастоварди муҳим изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки чунин натиҷаҳо самараи талошу кӯшиш, азму иродаи қавӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон дар роҳи илмомӯзӣ мебошанд. Ҳамзамон, ба онҳо дар роҳи таҳсил, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва истифодаи имкониятҳои байналмилалӣ барору комёбиҳо таманно кард.
Қобили зикр аст, ки дастовардҳои донишҷӯён дар самти дарёфти бурсияҳои байналмилалӣ аз фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои таҳсилу рушди зеҳнии ҷавонон дар Донишгоҳ шаҳодат медиҳанд.
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон донишҷӯёни бурсиягирро бо ин дастоварди арзанда самимона табрик гуфта, ба онҳо дар фаъолияти таълимию илмӣ ва муаррифии шоистаи Донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа



