ДДҲБСТ: БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ИНШОИ БЕҲТАРИН БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА СОЛГАРДИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

11 ноябри соли 2026 дар китобхонаи илмии Донишгоҳ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни иншои беҳтарин таҳти унвонҳои «Пешвои миллат – ормони сабзи миллати саодатёри тоҷик» ва «Воқеаи муҳим ва тақдирсози миллат» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади омӯзиши амиқи осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, арҷгузорӣ ба таърихи давлатдории навини тоҷикон, баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллии ҷавонон роҳандозӣ карда шуд.
Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Ҳомидзода Ф.М., мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, дотсент Рустамов Ш.Р., директори китобхонаи илмӣ Ҳайдарова Г.М., муовинони декан оид ба илм ва инноватсия, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок намуданд.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Фурқат Ҳомидзода зимни сухани ифтитоҳӣ таъкид кард, ки баргузории чунин озмунҳо дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани зиракии сиёсӣ ва эҳсоси ватандӯстии ҷавонон нақши муҳим дорад. Ҳамзамон, он барои ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши осори пурғановати Пешвои миллат, дарки нақши таърихии ин шахсияти барҷаста дар барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва бунёди давлати навини тоҷикон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар озмуни мазкур наздик ба 60 нафар донишҷӯ аз тамоми факултетҳои Донишгоҳ иштирок намуда, андешаву назари худро вобаста ба аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, нақши Пешвои миллат дар ташаккули давлатдории миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар шакли иншо баён карданд.

Ҳадафи асосии баргузории озмун омӯзиши таърихи давлатдории тоҷикон, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва таҳлилии донишҷӯён, инчунин тарғиби фарҳанги китобхонӣ миёни ҷавонон мебошад.

Дар ҷамъбасти озмун ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол дар вазъияти тантанавӣ сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like