ДДҲБСТ: РУШДИ ИЛМӢ-ТЕХНИКӢ – ОМИЛИ АСОСИИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ ВА РАҚОБАТПАЗИРИИ ҶАҲОНӢ

12 ноябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Рушди илмӣ-техникӣ – омили амнияти иқтисодӣ ва рақобатпазирии ҷаҳонӣ: муаммоҳо ва дурнамо» баргузор гардид. Ҳамоиши илмӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи татбиқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 доир карда шуд.
Конференсия бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, роҳбарияти Донишгоҳ, олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ, устодону донишҷӯён ва мутахассисони соҳаҳои иқтисоду технология баргузор гардида, ба баррасии масъалаҳои мубрами рушди илмӣ-техникӣ, нақши илм ва инноватсия дар таъмини амнияти иқтисодӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва муайян намудани дурнамои рушди илму технология бахшида шуд.
Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳ Фурқат Ҳомидзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Зимни сухани ифтитоҳӣ мавсуф таъкид намуд, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва ташаккули иқтисодиёти рақамӣ рушди илмӣ-техникӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва истифодаи самараноки дастовардҳои илмӣ аз омилҳои муҳимми таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар ба шумор мераванд. Ҳамчунин, зарурати таҳкими робитаҳои илмии байналмилалӣ, рушди таҳқиқоти бунёдиву амалӣ ва омода намудани мутахассисони дорои донишҳои муосир таъкид гардид.
Дар идомаи конференсия муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ суханронӣ намуда, аҳаммияти рушди илм, технология ва инноватсияро дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, таъмини рушди устувори иқтисоди минтақа ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда муҳим арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир баланд бардоштани сатҳи рақамикунонии соҳаҳои иқтисод, дастгирии ташаббусҳои инноватсионӣ, рушди соҳибкории технологӣ ва тақвияти робитаи муассисаҳои илмӣ бо бахши воқеии иқтисодиёт аҳаммияти рӯзафзун пайдо менамояд.
Дар бахши пленарии конференсия олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, масъалаҳои мубрами рушди илмӣ-техникӣ, иқтисодиёт, молия ва идоракуниро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Аз ҷумла, Наталя Владимировна Колоскова, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи кооператсияи истеъмолии Сибир, дар мавзуи «Рушди технологияҳои молиявӣ: рақобат ва ҳамгироӣ», Азизулло Ҳабибович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, дар мавзуи «Самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистони муосир», Чинара Раимқуловна, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Ӯш, дар мавзуи «Механизми молиявии рушди устувори шаҳрҳои хурду миёнаи Қирғизистон», Ризозода Тура Раббим, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, дар мавзуи «Доир ба масъалаи баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ: назария ва амалия», Александр Владимирович Прокопьев, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи Сургут, дар мавзуи «Амнияти озуқавории Россия дар солҳои 2021–2025: арзёбии маҷмӯӣ ва захираҳои илмию технологии таҳкими он», Далерҷон Дадоматов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳ, дар мавзуи «Коркарди модели ташаккули ҳисоботи идоракунӣ мувофиқи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ» маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.
Зимни мубодилаи афкор иштирокчиёни конференсия доир ба масъалаҳои рушди технологияҳои рақамӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои илмталаб, таҳкими амнияти иқтисодӣ, рушди низоми молиявӣ, истифодаи иқтидори инноватсионӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ андешаҳои худро баён намуда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мавҷуда ва истифодаи имкониятҳои нави рушди илмӣ-техникӣ пешниҳодҳои судманд ироа карданд.
Конференсияи байналмилалӣ дар таҳкими тафаккури илмӣ-техникӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани иқтидори илмии кишвар ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди устувори иқтисоди миллӣ саҳми арзанда мегузорад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like