ДОНИШҶӮЁНИ ДДҲБСТ ДАР ОЗМУНИ МИЛЛИИ КОРИИ СУДӢ СОҲИБИ ҶОИЗА ГАРДИДАНД

14 ноябри соли 2026 донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти роҳбарии омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Камолӣ М. ва Иноятзода А.И. дар даври чоруми Бозии миллии кории судӣ оид ба ҳуқуқи инсон иштирок намуда, сазовори ду ҷоизаи арзанда гардиданд.
Чорабинии мазкур дар шаҳри Душанбе, дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид.
Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун дастаи донишҷӯёни ДДҲБСТ барои омода ва пешниҳод намудани меморандуми хаттӣ бо ҷоизаи «Беҳтарин даста бо меморандуми хаттӣ» ва яке аз донишҷӯён бо ҷоизаи «Донишҷӯи фаъол» қадрдонӣ гардиданд.

Дастоварди мазкур бозгӯи сатҳи омодагии касбӣ, дониши назариявӣ, қобилияти таҳлилӣ ва маҳорати татбиқи амалии донишҳои ҳуқуқии донишҷӯён буда, аз самаранокии фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва роҳнамоии омӯзгорон шаҳодат медиҳад.

Дар робита ба ин дастовард ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода донишҷӯёни ғолиб ва омӯзгорони роҳбарикунандаи онҳоро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот ректори Донишгоҳ аз натиҷаҳои бадастомада изҳори қаноатмандӣ намуда, иштирокчиёнро барои нишон додани донишу маҳорати баланди касбӣ ва муаррифии шоистаи донишгоҳ табрик гуфт.
Шероз Мӯминзода таъкид намуд, ки иштироки донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва чорабиниҳои дорои аҳаммияти касбӣ дар таҳкими донишҳои назариявӣ, рушди малакаҳои амалӣ, ташаккули тафаккури ҳуқуқӣ ва омодасозии мутахассисони соҳибкасб нақши муҳим дорад. Ҳамзамон, ба омӯзгорон ҷиҳати идомаи фаъолияти самарабахш дар самти омодасозии донишҷӯён ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки онҳо дар чунин чорабиниҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Дар фарҷоми мулоқот ректори Донишгоҳ ба донишҷӯёни ғолиб ва омӯзгорони роҳбарикунанда барои саҳми арзандаашон дар ба даст овардани ин натиҷа изҳори сипос намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи таълимию илмӣ ва касбӣ муваффақият орзу кард.

Шуъбаи  таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like