Натиҷаҳои назарраси донишҷӯёни донишгоҳ дар сатҳи байналмилалӣ

Дар даври дуюми Интернет – олимпиадаи кушоди байналмилалии донишҷўён аз фанни математика, ки санаи 28 марти соли 2020 баргузор шуд се нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  ширкат варзида, бо ҷойҳои намоён сазовор шуданд. Рауф Турғунов донишҷӯи курси 3-юми факултети инноватсия ва телекоммуникатсия ва Далер Маризоев донишҷӯи курси 2-юми факултети молия сазовори медали нуқра ва Исломиддин Қодиров донишҷӯи курси 2-юми факултети бизнес ва идоракунӣ сазовори медали биринҷӣ олимпиадаи байналмилалӣ гардиданд (https://olymp.i-exam.ru/node/1997).

Дар даври  дуюм олимпиадаи кушоди байналмилалӣ зиёда аз 700 нафар беҳтарин донишҷӯёни донишгоҳои бонуфузи ИДМ иштирок намуданд. Дастоварди донишҷӯёни ДДҲБСТ туҳфаи хубест бахшида  ба солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф”.

Ёдовар мешавем, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 дар мамлакат “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” эълон гардидааст. Дар ин замина ҷалби бештари иштироки наврасону ҷавонон ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

      

 

 

You might also like