Саразм- ёдгории тамаддуни тоҷикон

Ба истиқболи 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, ки моҳи сентябри соли равон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифта мешавад, дар кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дарси тарбиявӣ баргузор гардид. Омӯзгор Ботур Алимов ба донишҷӯён дар мавриди гиромидошти санаву ҷашнҳои таърихӣ маълумот дода, иброз дошт, ки Пешвои муаззами миллат пайваста таъкид менамоянд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ он миллате ҳувияти хешро поянда нигоҳ дошта метавонад, ки шаҳрвандонаш дар рӯҳияи худшиносиву меҳанпарастӣ тарбия ёфта, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошанд ва ба осори ниёгони худ арҷ гузоранд. Илова шуд, ки ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 5500-солагии Саразм ва 700-солагии шоир Камоли Хуҷандӣ ба рӯйхати солгардҳои ЮНЕСКО пазируфта шуданд, ки он боиси ифтихори тамоми сокинони мамлакат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки бо дастуру ҳидоятҳои созандаю фарҳангпарваронаи Сарвари давлат солҳои 2003-2008 панҷ ҳафриёти бостоншиносӣ дар мавзеи Саразм болопӯш шуданд. Аҳамияти муҳими Саразмро ба назар гирифта Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020-ро соли ҷашнгирии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон эълон намуданд, ки ин боз як нишонаи бузурги арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихии миллати тоҷик мебошад.
Дар идомаи дарси тарбиявӣ донишҷӯён низ дар мавриди таъриху тиамаддуни Саразм, мавқеи ҷуғрофии он изҳори назар намуданд. Гуфта шуд, ки Саразм дар километри 12-уми қисмати ғарбии шаҳри Панҷакент, дар соҳили чапи дарёи Зарафшон ҷойгир буда, масоҳати умумии он зиёда аз 100 га ва ҳудуди омӯзишаш 30 гектарро ташкил медиҳад. 
Ҳадаф аз баргузор намудани дарси тарбиявӣ аз наздик шинос намудани донишҷӯён ошноӣ бо минтақаҳои куҳани мамлакат ва эҳтирому арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни куҳанбунёди тоҷик арзёбт карда шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like