Ба суханҳои бардурўғ бовар накунед!

Баъди аз хондани мақолаи «Суханҳои бардурўғи Кабирӣ ва хоинони миллат» ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ин шахс ё аз ин дунё нест ё инсон нест. Нисбати халқи орому осудаҳол ҳар хел гапҳои бардурўғ бофтакорӣ мекунанд.

Чунки халқи тоҷик аз қадимулайём халқе мебошад, ки тани солим, иродаи қавӣ ақли расо дошт. Бинобар ин вирусе, ки ба тамоми ҷаҳон паҳн шуда истодааст, аз он вирусҳое, ки пештар фаро мегирифт ягон хел фарқе надорад, чунки солҳои пеш ҳам аз бисёр касалиҳо ба монанди тиф, сил, халера, чума ва ғайра одамон мемурданд. Барои ҳамин ҳам вақте, ки аз сомонаҳо ва гуфтаҳои коргарони тиб чандин бор иқрор шудаем, ки дар Тоҷикистон ҳоло ин вирус худро нишон надодааст.

Гуфтан ҷоиз аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии ин вирус кўшишу ғайрати худро ба он равона карда истодааст, ки то ягон нафаре ба ин вирус гирифтор нашавад. Гузаронидани дезинфексия, бо шустани маҳлули хлор, дўхтани ниқоби докагин ва ғайраҳо омодагӣ дида истодааст.

Дар мактабҳо, дар кўдакистонҳою боғчаҳо, донишгоҳҳо дезинфексия гузаронида истодаанд.

Изҳороти Қўзибоева Б.М. – н.и.и, дотсенти

кафедраи баҳисобгирии  бухгалтери ДДҲБСТ

You might also like