Бояд Кабирӣ тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шавад
Мардуми шарафманду тамаддунофари тоҷик ҳанўз аз ёдҳои хеш паёмадҳои ҷанги хонумонсўзи шаҳрвандиро набаровардааст ва ҳар лаҳза аз ин сулҳу амният, ваҳдату дўстӣ, фаровониву хуррамӣ шукрона намуда ҳама гуна ҳодисаҳои нангине, ки ба ин неъматҳо мухолифат менамояд, сарзаниш месозад.
Хушбахтона имрўз Тоҷикистони азизу маҳбубамон дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳратманд гардида дар фазои он кабўтарони сулҳ парвоз доранд, кўдакон хурсандии кўдакона доранд, пирони рўзгордида давлати пирӣ меронанд, ҷавонони саодатманд дар пешрафти Ватани дилоро саҳми хешро мегузоранд, ки ин ҳама фароҳам мегардад дар чаҳорчўбаи сулҳ, ки Тоҷикистон бо ҷони зиёда аз яксаду панҷоҳ ҳазор нафар қурбониён ва дигар оқибатҳои даҳшатбор ба даст овард. Ба ҳамин хотир қадру қиммати сулҳ, Ваҳдати миллӣ хеле гарон аст ва ҳар як нафар фарзанди воқеии Ватан барои ҳифз ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани ин арзишҳои муқаддас кўшиш менамояд.
Дар мақолае, ки аз ҷониби Муҳаммадиқболи Садриддин таҳти унвони “Истирдоди М.Кабирӣ ба Душанбе ҳақиқат ва ё ҳамоқат?” рўи чоп оварда шудааст, дар воқеъ он ҳақиқат мебошад. Барои чӣ? Барои он, ки мардуми шарифи Тоҷикистон имрўз хуб дар ёд доранд, ки саргардонӣ ва ҳамаи он касофату бедодгариҳои солҳои 90-ум маҳз аз дасти ҳамингуна исломтарошон мисли М.Кабирӣ сар задааст.
Агар ба таърихи на он қадар тўлонии кишвари азизамон назар афканем, дар тўли таърих ҳамаи бесарусомониву сарсонии мардуми тоҷик маҳз аз дасти ҳамингуна бо ном дилдодагони ватан мебошад.
Имрўз бошад, ин саркардагони ҳамаи бедодгариҳо бо роҳбарии М.Кабирӣ такя ба дастгирии ташкилотҳои байналхалқӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид карда худро мусичаи бегуноҳ ҳисобида истодаанд. Ҳол он, ки аз ҳамаи ҷиноятҳои дар Тоҷикистон кардаашон, тамоми мардум бохабар ҳаст ва офтобро танҳо бо домани хоҷагони хориҷиашон пўшида намешавад. Аз ин рў, бо дарназардошти як қатор ҷиноятҳои аз тарафи М.Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш баҳри ноором ва сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ба анҷом расонида, аз ҷониби сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ нисбати онҳо бо моддаҳои гуногуни Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Ва мебояд ҳамаи онҳо нисбати амалкарди худ дар назди қонун ҷавоб диҳанд.
Вобаста ба ин, мақомоти прокуратури кишвар талош дорад, тибқи талаботи қонунгузории байналмилалӣ онҳоро аз домони хоҷагони худ гирифта, ба Тоҷикистон истирдод намояд. Агар ин хоинони миллат нангу номуси Ватандорӣ воқеан ҳам дар вуҷуди худ медоштанд, бо пушаймонӣ ва бахшиш аз миллати хеш омада худ таслими қонун мешуданд.
Дар мавриди он, ки гӯё дар Тоҷикистон вобаста ба бемории паҳнгаштаи пандемияи “Коронавирус” ягон чораандешӣ карда нашуда истодааст ва тадбирҳои Ҳукумати кишвар басанада нест, ин дурўғи беш намебошад. Ҳоло бо роҳбарии тамоми шахсони аввали шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ситодҳои шабонарўзӣ ташкил карда шуда, вазъи санитарию эпидемилогии кишвар зери назорати қатъӣ қарор дода шудааст. Бо ин вабои Аср ҳоло аз ҳама давлатҳои пешрафтатарини дунё низ мубориза бурда натавониста истодаанд ва имрўз ба ҷои дасисабозӣ мо бояд ба мардуми кишвар ҷиҳати риоя намудани гигиенаи шахсӣ, бо ҷалби мутахассисони соҳа ҳамарўза корбарӣ намоем. Мардумро ба дилпурӣ ва руҳбаландӣ даъват намоем ва боварии комил дорем, ки ҳамаи мо бо сарҷамъию якдилӣ аз ин вабои аср эмин хоҳем монд.
Юсупов Д.С. – н.и.и., дотсент, мудири
кафедраи кори бонкии ДДҲБСТ