Нигоҳ доштани амнияти миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи давлату ҳукумат
Дар шароити кунуни ҳар як давлати соҳибистиқлол барои нигоҳ доштани истиқлолияти хеш ва таъмини амнияти миллии худ тамоми чораҳоро меандешад, токи амнияти давлатро таъмин намояд.
Вазъияти кунунии ҷаҳони муосир то рафт муракккаб ва пуртазод гардидааст. Бархе аз сиёсатшиносон бар он ақидаанд, ки дар ҷаҳони имрўза аз сари нав тақсимоти геополитикӣ шуру шудаистодааст. Ҳодисаҳои бо ном «Баҳори араб», «Инқлобҳои ранга» ва ғайраро ба ин вазъ тақвият медиҳанд. Ҳодисаҳои дар ин кишварҳо дар натиҷаи ин «инқилобҳо» бавуҷудомада нишон медиҳад, ки дар бештари мавридҳо барои ноором намудани вазъи дохили кишварҳо бо роҳи гумроҳ намудан, пеш аз ҳама аз шаҳрвандони худи ин кишварҳо истифода намуда, вазъиятро ба манфиати худ ҳал менамоянд.
Яке аз воситаи таъсиррасонӣ барои он давлатҳое, ки мехоҳанд вазъи дохили дигар давлатро нором созан ин таҳти сарпарастии кушода ва пўшида қарор додани ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ғайрисиёсӣ ба ҳисоб меравад. Яъне бо роҳи табаддулот ҳукуматро иваз намуда, ҳукумати ба худ тоберо ташкил менамоянд. Баъди ташкили чунин ҳукуматҳои тобеъ, ҳукумати нав танҳо барои манфиати хоҷагони хеш хизмат менамоянду халос. Аз ин лиҳоз вазифаи авалиндараҷаи давлату ҳукумат нигоҳ доштани амнияти давлату миллат буда, дар сурати пайдо шудан ва ё муайян намудани чунин гурўҳҳои ҷудоангезу хоин ва ё бо ном «сиёсатшиносон» дар ҳол чораҳои зарурӣ андешиданаш зарур аст. Зеро такрор ҳам шавад бояд қайд намуд, ки амнияти давлат дар маҳди аввал қарор дорад.
Имрўз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чунин гурўҳҳои ифротгаро муборизаро пурзур намудааст. Бо вуҷуди он ин гурўҳҳои ғайриқонунӣ аз роҳу востаҳои гуногун истифода кардаистодаанд. Алалхусус дар солҳои охир тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти ғариқонунии худро аз хориҷи кишвар ба роҳ мондаанд. Онҳо ҳаргуна сомонаҳо ташкил намуда, аз ҳориҷи кишвар бе овардани факту делелҳо ҳаргуна туҳмату буҳтонҳоро нисбат ҳукумати имрўза паҳн менамоянд. Дар ин ҷода ҳизби дар кишвари мо мамнуъгардидаи ТЭТ ҲНИ бо роҳбарии М. Кабирӣ бештар ба чашм мерасад. М. Кабирӣ ва дигар пайраони онҳо меҳоҳанд, ки бо суханҳои бофтаю бардурўғ худ назари мадумро нисбати ҳукумати имрўза дигар кунанд. Худро фариштаю дигаронро сиёҳкор нишон диҳанд. Лекин онҳо аз ёд бароварданд, ки марудми тоҷик алакай бо суханҳои онҳо вам акру найрангҳои онҳо ҳануз дар солҳои навадум шинос шуда буданд. Дигар ба доми чунин фиребгарон ва ба суханҳои бофтаи онҳо бовар намекунанд. Дар баробари ин ҳар як шаҳрванди кишвар бо чашмони худ рўз аз рўз беҳтару хубтар шудани кишвар ва сатҳи зиндагии мардумро дида истодаанд. Аз ин лиҳоз ба ягон мухбири берона, ки барои онҳо иттилооти бардўғ пешниҳод менамоянд, лозим нест.
Дар чунин маврид маҳкам намудани чунин сомонаҳои ғариқонунӣ ва ҷудоангез аз ҷониби мақомотҳои дахлдори давлатӣ хеле муҳим ва саривақтӣ ба шумор меравад. Зеро онҳо ба амнияти ҳар як шаҳрванди кишвар таҳдидид мекунанд.
Мардуми тоҷик, ки як маротиба даҳшати ҷанги бародаркушро аз сари худ гузаронидаанд, намехоҳанд, ки ин кор дубора дар кишвари мо рух диҳад.
Имрўз тоҷикон муйро аз хамир ҷудо карда метавонанд. Бахусус ҷавонони имрўзаи тоҷик пайрави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳанд, ки дасти нохалафе ба сари миллати тоҷик бардошта шавад.
Давлатов У.Н. – ассистенти кафедраи
муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ