Семинари омӯзишӣ дар ДДҲБСТ
Шурӯъ аз санаи 07 апрели соли равон дар факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ҷалби устодон семинари омӯзишӣ оид ба ворид намудани маводҳо (матни лексия, КТМ, силабус ва ғайраҳо) ба барномаи ALFA-XPress гузаронида шуд. Дар рӯзи нахустини семинар устодони факултетҳои молия ва инноватсия ва телекоммуникатсия дар маҷлисгоҳи барҳавои донишгоҳ ҷалб гардиданд. Сармутахассиси бахши технологияи иттилоотӣ ва рушди инноватсионии донишгоҳ Махкамҷон Ҳасанов тарзу усулҳои ворид намудани маводҳоро тариқи барномаи ALFA-XPress нишон дод.
Семинари омӯзишӣ бо ибтикори раёсати таълим гузаронида шуда, дар ҷараённи он вобаста ба мавзӯи семинар устодон саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд. Семинари омӯзишӣ давоми се рӯз гузаронида шуда, устодони ҳамаи факултетҳо аз он бархурдор гардиданд.
Тариқи электронӣ бо тезӣ ва бо сифати баланд дастрас кардани маводи таълимӣ ба истифодабарандагон ҳадафи баргузории семинари омӯзишӣ буд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа





