Ваҳдати сартосарӣ
Дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Дар Тоҷикистон таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва озодии виҷдон мавҷуд буда, хусусияти деавлати демократиро ташкил медиҳанд. Аз натиҷаҳои интихоботии парламентӣ дар Тоҷикистон хулоса баровардан мумкин аст, ки имруз дар Тоҷикистон низоми бисёрҳизбӣ ташаккул ёфтааст ва бомаром рушд ёфта истодааст. Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва оромиву осудагӣ инкишоф ёфта истодааст ва мақсадҳои муҳиму стратегии худро муайян намуда, ба сӯи ояндаи дурахшон раҳсипор аст.
Ин пешравӣ ва рушди Тоҷикистон ба манфиати баъзе давлатҳо ва гурӯҳҳои манфиатдор набуда, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд камбудии ҳокимияти давлатиро дарёфт намуда, обрӯ ва нуфузи онро паст намоянд. Таҳлили риояшавии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА воситаи чунин бадномнамоӣ мебошад.
Бояд қайд намоем, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи Тоҷикистон унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллатро насиб донистанд. Зеро ин марди ҷасур, далер, хирадманд ва сиёсатофар тавонист мардуми азияткашидаи худро аз вартаи ҷанг ва нестшавӣ, ки бо айби беъзе ҳокимиятталабон ва мансабталошон ба вуқӯъ пайваста буд, халос диҳад. Мардуми гумроҳу азияткашидаро ба ояндаи нек бовар кунонад. Имруз кулли шаҳрвандони кишвар нисбати роҳбари давлат меҳру муҳаббати хоса доранд ва аз тинҷиву оромӣ дар кишвар шукргузоранд.
Изҳороти Ҳошимова Н. – ассистенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ