Ба таҳлука андохтани ҷомеа аз сӯиқасди дурӯғин чӣ ҳоҷат!
Мақолаи бо ном “Сӯиқасд ба Илҳом Якубов” раиси анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, чемпион дар риштаи бокси ин минтақа, онро водор месозад, ки нависанда то кадом андоза дурӯғи бофтаро рӯи қоғаз овардааст, зеро сӯиқасд ба ҷони як тан варзишгари тавоно ин амалест, ки худро зери хатари пурдаҳшат гузоштан ва бешубҳа ба ғайр аз рақибонаш касе ба ин гуна амал даст нахоҳад зад.
Ҳеҷ гоҳ инсони солимфикру бакомил тарбияёфта ба шабакаи иҷтимоии интернет ин гуна ахборотро ҷой намедиҳад. Оё ҳамин гуна хабарҳои бардурӯғу нолозим ба ҷомеаи кунунӣ ягон манфиат меорад? Ҳатман не. Оқибати роҳгум кардани барқе аз одамон ва бахусус ҷавонон, ки аз ҳолати воқеӣ дуруст тасаввурот надоранд ба нофаҳмиҳо ва таззодиҳо оварданаш аз эътибор соқит нест.
Ҳаёти инсонӣ пешравиҳо дорад ва дар баъзе ҳолатҳо аз камбудиҳо холӣ нест. Инсон бояд кӯшад, ки хуб, бе хатогӣ, ҳалимонаю меҳрубонона бо атрофиёнаш муомила намояд ва умр ба сар барад, кӯшиш намояд, ки ҷомеаи ӯро фарогир иттифоқ бошанд, меҳнатдӯстона зиндагии худро пеш баранд, хоре ба пои касе нарасад. Лекин ба ҷои сарҷамъ шудан мо ҳамагонро ба парокандагӣ, ҷудоиандозӣ, хусумат ва ба бадбинию душманӣ ҳидоят намоем, оё сабабгори низову вайрониҳои бемаънӣ намегардем?
Ба нависандаи мақола муроҷиат намуда гуфтаниам, ки як маротиба нишаста андеша намояд, ки на ба таҳлукаандозӣ , балки ба муттаҳидшавии ҷомеа кӯшиш ба харҷ диҳад. Андешаҳои ҷудоиандозӣ танҳо ба хатарҳои дохилӣ, ҷангу ҷидол, нобудшавии одамон ва дар охир барҳам хӯрдани ҳаёти осоишта меоварад.
Аксари инсонҳо ба ҳар як ахбороти ҷудоиандозӣ ва ғаразнок рӯҳафтода мешаванд, мутаассир шуда ба ояндаи хушбахтона бовар намекунанд. Инсонҳо аз одамоне, ки ҷудоиандозӣ мекунанд, рӯй мегардонанд, ҳаракат мекунанд, ки дубора бо ин гуна шахсон во нахӯранд, чунки сабабгори нооромиҳо ва низоҳо маҳз чунин амалҳоянд.
Андеша намуда роҳи сулҳу суботро ҷустан, инсонҳоро ба меҳнатдӯстию муттаҳидӣ ҳидоят намудан, пайваста роҳи ҷустуҷӯи ислоҳи камбудиҳоро ёфтан ва ҳамагонро ба роҳи рост бурдан, амали мардони ҳақиқию дурандеш аст.
Дар фосилаи умри на он қадар тӯлонӣ накӯкору бохирад ва созанда будан фазилати инсонҳои асил аст.
Зокирова Ш. – н.и.и., дотсенти кафедраи
иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ