Аз пешниҳодҳои короновирус Кабирӣ мехоҳад барои худ “очко”-е гирифта бошад
Ба ҳамагон маълум аст, ки шурӯъ аз охирҳои моҳи декабри соли 2019 мақомоти Чин ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ доир ба хуруҷи бемории илтиҳоби шуши номаълум дар шаҳри Вуҳан, воқеъ дар қисми марказии ин мамлакат хабар доданд.
Коршиносон ангезандаи бемориро муайян карда, ба хулосае омаданд, ки ин коронавируси 2019-nCoV мебошад. Имрӯз ҳолатҳои сирояти коронавирус ғайр аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дар тақрибан ба 190 кишвари дигар дида мешаванд. Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) авҷ гирифтани бемории мазкурро чун ҳолати фавқулодаи дорои аҳамияти байналмилалӣ эътироф намудааст. Бо мақсади пешгирӣ аз коронавирус Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ бо ҷалби доираи васеи коршиносон тавсияҳо ва пешниҳодҳои худро таҳия намуда тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва васоити ахбори омма паҳн карда истодаанд.
Ҳаминро бояд қайд кард, ки байни давлатҳои Осиёи миёна дар Тоҷикистон ва Туркманистон бомерии коронавирус ба қайд гирифта нашудаанд.
Аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус тадбирҳои судманд андешида шуда бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз якчанд маротиба бо роҳбарони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, маориф ва илм, нақлиёт, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, кумитаҳои бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, меъморӣ ва сохтмон, рушди сайёҳӣ, телевизион ва радио, хадамоти гумрук, Агентии «Тоҷикстандарт» ва намояндагони дигар сохторҳое, ки бо ин масъала алоқамандӣ доранд, ҷаласаҳои кори баргузор намуданд.
Санаи 25 –марти соли равон аз тарафи Паймони миллии Тоҷикистон изҳороте ба нашр расидааст, ки гӯё ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон чораҷӯи ё тадбирандешӣ оид ба пешгирии сирояти бемории коронавирус накардааст. Ва ба ҳукумат якчанд пешниҳодҳо намудааст.
Боиси зикр аст, ки бидуни пешниҳодҳои Паймони миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои судмандро оид ба ин масала андешидааст ба монанди:
- Аз санаҳои 22-юми март оғоз карда хатсайрҳои як маротибавӣ Москва-Душанбе, Арабистони Саудӣ-Душанбе, ташкил гардида шаҳвандони Тоҷикистон ба ватан оварда шуданд.
- Тариқӣ шабакаҳои иҷтимоӣ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба карантин фаро гирифтаанд аз ҳолати хуби ҷои хоб, се маҳал хӯрок, ҳолати гигиении хуб сухан карда ба ҳукумати кишвар арзи сипос баён намуданд.
- Албатта аксариёт чорабиниҳо қатъ гардида, танҳо наврӯз, ки иди аҷдодии миллати тоҷик аст ва дар сатҳи байналмиллалӣ қарор дорад баргузор карда шуд. Баргузории ин ид аз як тараф сулҳу субот ва оромиро дар марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода, мардумро аз ҳаргуна маълумотҳои бардурӯғ, иғвоангез эмин дошт.
- Суръати интернет баҳри фарогирии низоми таҳсилоти фосилавӣ, коргузорӣ ва мудирият дар кишвар кифоят буда ба мардум хизматрасонида истодааст.
- Тиҷоратӣ электронӣ, ки имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд, дар ҷумҳурӣ низ рушд ёфта истодааст. Имрӯз низ аҳолии шаҳрнишин пардохти ғайри нақдиро васеъ истифода мераранд. Фаъолият бурдани бозорҳо зери назорати қатъии мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қарор дошта бо маҳлулҳои махсус тоза карда шуда истодаанд.
- Низоми пулакии роҳи Душанбе-Чаноқ мувофиқи мақсад аст, зеро роҳ хароҷотҳои трансаксионӣ дорад. Дар сурати барҳам додани низоми пулакӣ хизматрасонӣ ба таври бояду шояд амалӣ намешаванд, яъне сари вақт таъмири босифат ба роҳ монда намешаванд.
- Маратория барои соҳибкории истеҳсолӣ эълон шудааст, ки имрӯз натиҷаи бисёр хуби назаррас дода истодааст.
- Ҳамасола маоши кормандони соҳаи тиб то 10-15% зиёд карда шуда дар мадди назари ҷиддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Умуман двлати Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешгирии сироятёбии вабои аср “коронавирус” тамоми чораҳои зарурии андешида истодаанд. Ва бояд қайд намуд, ки солимии миллат қисми таркибии ҷудонашавандаи сиёсати пешгирифтаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Пешниҳодҳои сохтаи паймоншиканон ягон суде барои миллату давлат намеорад. Аз ин пешниҳодҳо Кабирӣ мехоҳад барои худ “очко”-е гирифта бошад.
Мирсаидов С. – н.и.и., дотсент, мудири
кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ