Тақвияти корҳои ободониву созандагӣ дар ДДҲБСТ
Пас аз иштирок дар чорабиниҳои Наврӯзӣ ва ифтитоҳи бинову иншоотҳои гуногуни дорои аҳамияти ҷамъиятидошта дар вилояти Суғд аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва суҳбатҳои самимиву судманд бо фаъолони вилоят ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон рӯҳияи баланд гирифта, корҳои ободониву созандагиро таҳти роҳбарии сарвари донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода бомаром идома медиҳанд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тозаву озода намудани гирду атрофи донишгоҳ ҷомеаи меҳнатии ин муассисаи касбии олӣ бо ҳисси баланди меҳнатдӯстӣ ба ҳашар баромаданд. Дар шанбегӣ кормандону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ даромадгоҳу роҳрав ва канори роҳу ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна алафҳои худрӯю партовҳо тозаву озода карданд, ки ба зебогии донишгоҳ ҳусну таровати дигар зам кард. Ҳамчунин дар ин рӯз гурўҳи беш аз 70 нафараи кормандону устодон дар деворсанг гирифтан ва тахту ҳамвор намудани саҳни бинои таълимии №2 заҳмат кашида, дар ободонӣ ва зеб бахшида ба намои хиёбону роҳравҳои донишгоҳ саҳмгузорӣ карданд. Тозаву озода нигоҳ доштани муҳит ва ба корҳои ободониву созандагӣ даст задан аз амалҳои нек дониста шуда, дар муттаҳидсозии аҳли донишгоҳ ва дӯст доштани ҷойи кору сарзамин ва давлату миллат заминаи мусоид фароҳам меорад. Даст задан ба корҳои ободониву созандагӣ дар донишгоҳ ба ҳукми анъана даромада, насбу васли шиору овезаҳо, парвариши гулу буттаҳои ҳамешасабзу ороишии саҳни донишгоҳ ва биноҳои таълимӣ исботи гуфтаҳои болост.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа











