Саҳми Пешвои миллат дар ҷаҳонишавии Наврӯз!

Наврӯзи хуҷастапай муждаи аввалини баҳори хуррам аст, ки оламиёнро ба якдигарфаҳмӣ, меҳнатдӯстиву иҷрои амалҳои хайру савоб ва худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд.

Бо назардошти арзишҳои волои наврӯзӣ, ки ваҳдати аҳли башарро тақозо менамояд, дар кафедраву факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабиниҳои тантанавии наврӯзӣ баргузор гардиданд. Наврӯз, ки рамзи иттиҳоду баҳамойи мебошад, ҷомеаи меҳнатӣ, кормандону устодон ва донишҷўёни боргоҳи маърифатамонро ба ҳам овард.

Чорабиниҳои идона дар факултети бизнес ва идоракунӣ таҳти унвони “Иди байналмилалии Наврӯз” ва викторинаи наврӯзӣ “Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад…”, дар факултети баҳисобгирӣ ва андоз “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, дар факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ конференсияҳои илмӣ-тарбиявӣ ва илмӣ-адабӣ таҳти “Наврӯз эҳёи табиат” ва “Наврӯз-пайвандгари дилҳо”, дар факултети молия бошад маҳфили илмиву адабӣ доир гардиданд, ки дар онҳо устодону омӯзгорон ва донишҷӯён ба сухан баромада, оиди шинохти ҷашни байналмилалии Наврӯз ва анъанаву суннатҳои неки наврӯзӣ ёдовар шуданд. Баромадкунандагон зикр намуданд, ки ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ифтихор аз он доранд, ки маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки ваҳдату ягонагии маънавии мардумро таҳким мебахшанд, ба Феҳристи мероси Созмони Милали Муттаҳид ворид гардида, бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил мегарданд.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, Атласу адрас, Чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад.

Шеъру сурудҳои донишҷӯёну муҳассилини донишгоҳ дар идомаи ҷорабинӣ ҳусну илҳоми тоза бахшид. Чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба Наврӯзӣ оламафруз дар дигар факултетҳои донишгоҳ идома дорад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like