Ба пайравони Анҷумани ифротиёни Осиёи Марказӣ дар Аврупо

Дар расонаҳои хабарӣ  паҳн шудани  андешаҳои ғалат ва хусусияти ифротӣ дошта, ки муаллифони он мехоҳанд бо ҳамин васила эътимоди аҳли ҷомеаро нисбати Тоҷикистон  коҳиш диҳанд ва умуман пояҳои давлатдории кишвари моро заиф гардонанд, моро водор мекунад, ки баҳри ҳифзи арзишҳо ва эътибору нуфузи дастовардҳои истиқлолият талош варзем.

Тавассути  шабакаи интернет паҳн  шудани вокуниши муборизони ба ном “роҳи ростӣ ва роҳи ҳақ”  М. Садриддин дар бораи воқеаҳое, ки дар давлати хориҷӣ (дар шаҳри Каунаси Литва) атрофи як афроди  дигар ба ном Ёқубов Илҳом бо мақсади олуда кардани  нуфузи мақомоти Тоҷикистон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин гуна андешаву афкор ба бедор кардани фазои нобоварӣ ва ҷаҳлу ҷаҳолати мардум роҳандозӣ шудааст. Дар сурати надонистани  ҳақиқати ҳол хонандаи оддӣ мумкин аст, бинобар  фориғболию  бехабарӣ  ба маводи дурўғ пурра ё қисман бовар  ва нисбати  сиёсати давлатӣ шубҳае пайдо кунад. Чунин навъи ифродгароӣ дар хориҷ ба ҳадде расидааст, ки имрӯз инкор кардани дастовардҳои истиқлолият,  ношукрӣ, носипосӣ фарсоиши ҷиддии арзишҳои бунёдии сирати инсон – ахлоқ, фарҳангу маънавиёт, масъулияти фардии  чунин ашхоси бегонапарастро аён мекунад.

Ҳарчанд аз ҷониби аҳли ҷомеаи кишвар ин гуна хабару кирдорҳои хоинони миллат маҳкум гарданд, ҳам андешидани чораҳо доир ба пешгирии онҳо  доимо ногузир ва зарур аст

Чунин афроди ҷиноятпешаи экстремистӣ, ки дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд, бо афкору кирдори ғаразноки  худ  паст задани аҳамияти  арзишу дастовардҳои Истиқлолияти Тоҷикистонро  дар зеҳнияти мардум  ҳадафи  худ қарор дода, бо ин васила   соҳиби  садақаву хайрияи хуҷаинҳои хориҷии худ  шуданианд. Лекин, бо афкору ангезаҳои моҷароҷўии худ онҳо ҳаргиз ба ҳадафи худ намерасанд. Мардуми кишвари мо дар фазои сулҳу осоиш, оромӣ кору фаъолият мебаранд ва содиқона вазифаҳои  худро иҷро мекунанд, аз ин рў намегузоранд, ки дастоварду арзишҳои миллӣ коҳиш ёбанд.

Маълумоти  нашркардаи М. Садриддин,  ғайр таассуфу  дарду алами шахсӣ ва норозигиву эътирози ботинӣ дигар чизе нест. Чунки, дар Тоҷикистон  тамоми имкониятҳо мавҷуданд, ки  осоиштагӣ ва осудагии  мардум таъмин гардад. Бинобар ин, андешаву хаёли хоми ифродгарон ва хиёнаткорон осоиштагии мардуми кишварро коҳиш дода наметавонад, баракс  дур нест нест рузе, ки аъмоли хавфноки чунин нафарон, ки ба Ватану миллати худ хиёнат кардаанд, мавзуи баррасии судӣ қарор гирад.

Чунин вокунишу хабарҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки саркардагони ифротӣ, хоинони миллат, ки аз ниятҳои ғаразнок ва зишти худ даст накашидаанд, бо дастгирии қувваҳои моҷароҷў, кинаву алами худро ба ҳақиқат монанд карданӣ мешаванд. Лекин онҳо ҳаргиз ба ниятҳои зишти худ намерасанд!

Аз ин рў, андешаҳои ифродгарон, моҷароҷўён, низоъпарастон, ки мехоҳанд нияту ғарази худро бо айбҷўӣ асоснок намоянд, ҳаргиз эътимоди мардуми созанда ва бунёдкорӣ мардуми Тоҷикистонро нисбати рукнҳои давлатдорӣ коҳиш дода наметавонад. Ба М. Садриддин, Ёқубов И. ва ҳаммаслакони вай тавсия медиҳем, ки афкори  ғалату бемояи худро ба “хоҷагони худ” гуянд, шояд садақа гиранд, лекин  ба оромиву осоиштагӣ ва сулҳу субот дар Тоҷикистон халал расонида наметавонанд. Зеро эътимоди мардуми кишвар ба пояҳои  давлатдорӣ дар Тоҷикистон қаъвӣ  ва устувор аст.

Раҳматулоев А.Э. – профессори кафедраи ҳуқуқи

судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

You might also like