Мулоқоти судманд баҳри такмили дониши ҳуқуқии истеъмолкунандагон
Имрӯз санаи 6 марти соли 2020 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили «Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон – 15 марти соли 2020» мулоқот доир гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораву мақомоти дигари ваколатдор ширкат намуда, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон бо донишҷуён ва омӯзгорони донишгоҳ мулоқоти судманд анҷом доданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода нахуст ҳайъати меҳмононро ба иштирокчиён шинос намуда мулоқоти мазкурро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.
Сипас, муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳосории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Музаффарзода ба иштирокчиён дар мавриди таърихи пайдоиш ва моҳияти таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва низоми ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.
Ҳамзамон, меҳмонони вохӯрӣ бо мақсади баланд бардошти маърифатнокии истеъмолкунандагон ва фаҳмондадиҳии муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромад намуданд.
Дар охири вохӯрӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва намояндагони дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба саволҳои донишҷуёну омӯзгорон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа





