НАМОЯНДАГОНИ САФОРАТИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ АЗ ДДҲБСТ БОЗДИД НАМУДАНД

30 октябри соли 2026 дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф оварданд.
Дар ҳайати меҳмонон муовини сеюми консул хонум Мун Суҷин ва мутахассиси таҳқиқоти сафорат хонум Ҷанг Инби ҳузур доштанд.
Меҳмононро муовини ректор оид ба таълим Фазлиддинзода Дониш ва масъулини дахлдори Донишгоҳ самимона истиқбол гирифта, бо фаъолияти муассисаи таълимӣ шинос намуданд.
Зимни боздид меҳмонон бо имкониятҳои таълимӣ, илмӣ ва инфрасохтори Донишгоҳ шинос гардида, бо намояндагони роҳбарияти муассиса мулоқот анҷом доданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маорифу илм, густариши робитаҳои байналмилалӣ, табодули таҷрибаи академӣ, ҷалби донишҷӯёну омӯзгорон ба барномаҳои мубодилавӣ ва роҳандозии ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Корея мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки густариши робитаҳои байналмилалӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир заминаи мусоид фароҳам меорад.
Боздиди мазкур дар таҳкими робитаҳои дӯстона ва рушди ҳамкориҳои минбаъдаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо муассисаҳои илмию таълимии Ҷумҳурии Корея қадами муҳим арзёбӣ мегардад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like