ДДҲБСТ: «ПЕШВОИ МО – ИФТИХОРИ МО»

Дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои мо – ифтихори мо» аксияи ватандӯстона баргузор гардид.
Дар доираи аксияи мазкур садорати факултет ва донишҷӯён бо иштироки фаъолона аксҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар даст гирифта, бо ин иқдоми рамзӣ эҳтирому арҷгузорӣ ва садоқати худро ба Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд.
Иштирокчиёни аксия тавассути ин иқдом эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва ҷонибдории худро аз сиёсати сулҳҷӯёнаву созандаи Пешвои миллат ифода намуданд

Ҳадафи асосии чорабинӣ арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи истиқлолу озодӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва садоқат ба Ватан мебошад.
Чунин иқдомҳои ватандӯстона дар таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандии ҷавонон аҳаммияти муҳим доранд.

 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

You might also like