ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Шоҳномахонӣ» иштироки фаъолона нишон дода, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Аз ҷумла, дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Аз рӯйи номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» донишҷӯи курси дуюм Азизиён Зебунисо, аз рӯйи номинатсияи «Адабиёти кӯдакон ва наврасон» донишҷӯи курси якум Зайниева Меҳрангез сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Дастовардҳои донишҷӯён дар ин озмун самараи талошу заҳмати пайваста, шавқу рағбат ба мутолиаи китоб, омӯзиши осори адабӣ ва роҳнамоии омӯзгорон арзёбӣ мегардад. Дар омодасозии донишҷӯёни мазкур ассистенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ Мадалиева Ш.А. саҳми арзанда гузоштааст.
Ҳамзамон, дар даври вилоятии озмуни «Шоҳномахонӣ» донишҷӯи факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ Сатторова Мадина, ки дар ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ таҳсил менамояд, сазовори ҷойи сеюм гардид. Дар омодасозии донишҷӯ куратор Расулзода Р.Р. саҳм гузоштааст.

Ин дастовардҳо аз таваҷҷуҳи пайвастаи раёсати Донишгоҳ ба рушди маърифати китобхонӣ, таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ ва адабии ҷавонон, дарёфти истеъдодҳои нав ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ шаҳодат медиҳанд.

Роҳбарияти Донишгоҳ ғолибон ва омӯзгорону роҳнамоёни онҳоро ба муносибати ин дастовардҳо самимона табрик гуфта, барояшон дар таҳсилу фаъолияти минбаъда, иштироки муваффақона дар даврҳои минбаъдаи озмунҳо ва ба даст овардани комёбиҳои нав орзу менамояд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like