Дурнамои ҳамкориҳои ДДҲБСТ бо Академияи Дунҳуани Хитой баррасӣ гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти ректори Донишгоҳ Муминзода Шероз бо ҳайати намояндагони Академияи Дунҳуани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Ҳайати Академияи Дунҳуанро Пэй Цянцян профессори Академия ва директори Институти санъатшиносии ғорҳои Майцзишан, Чжан Бо, дотсент, инчунин Чэнь Цзяжуй, Сунь Юйцзе, Янь Сяохуэй, Го Жуйи, Ван Лэй ва магистрант Ван Аньбин намояндагӣ карданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳифз, эҳё ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ, густариши робитаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, табодули академии омӯзгорону муҳаққиқон ва донишҷӯён, инчунин татбиқи ташаббусҳои муштараки илмӣ ва фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ректори Донишгоҳ Муминзода Ш.А. зимни суханронӣ таъкид намуд, ки густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳкими робитаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва истифодаи имкониятҳои илмии шарикони хориҷӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Донишгоҳ ба ҳисоб мераванд. Зикр гардид, ки ҳамкории Донишгоҳ бо Академияи Дунҳуан метавонад барои омӯзиши амиқи мероси таърихию фарҳангӣ, рушди таҳқиқоти муштарак ва таҳкими робитаҳои илмию таълимӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Қобили зикр аст, ки дар доираи ҳамкориҳои мавҷуда соли ҷорӣ ду нафар намояндаи Донишгоҳ – декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, доктори илмҳои сиёсӣ Саидзода Шӯҳрат ва сармуаллими кафедраи таърих ва диншиносӣ Олимов Дилшод ба Академияи Дунҳуан сафарбар гардида буданд. Ректори Донишгоҳ дар ин замина барои фароҳам овардани шароити мусоид, дастгирӣ ва тақвияти ҳамкориҳои судманд ба ҷониби Чин изҳори сипос намуд.
Дар идомаи мулоқот намояндагони ҳар ду ҷониб омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, таҳкими муносибатҳои шарикӣ ва роҳандозии ташаббусҳои нави муштарак изҳор доштанд. Таъкид гардид, ки чунин ҳамкориҳо дар самти ғанӣ гардонидани таҷрибаи илмию таълимӣ, муаррифии дастовардҳои таърихию фарҳангӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чин аҳаммияти муҳим доранд.
Пас аз анҷоми мулоқот меҳмонон аз бинои Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионии Донишгоҳ боздид ба амал оварданд. Зимни боздид ҳайати Академияи Дунҳуан бо имконияту иқтидори марказ, аз ҷумла фаъолияти маркази зеҳни сунъӣ, толори маҷлисгоҳ, осорхона ва шӯрои диссертатсионӣ шинос гардиданд. Ба меҳмонон имкониятҳои мавҷудаи Донишгоҳ дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, рушди таҳқиқоти илмӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ муаррифӣ карда шуданд.
Мулоқоти мазкур қадами муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон буда, барои густариши робитаҳои илмӣ, академӣ ва фарҳангӣ бо муассисаҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин заминаи мусоид фароҳам меорад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа







