ДДҲБСТ: МЕҲРГОН — ҶАШНИ ФАРОВОНӢ ВА ЭҲЁИ СУННАТҲОИ МИЛЛӢ
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми тоҷик — Меҳргон дар факултетҳои Донишгоҳ чорабиниҳои идона баргузор гардиданд.
Зимни баргузории чорабиниҳо омӯзгорону донишҷӯён оид ба таърихи пайдоиш, моҳият ва аҳаммияти ҷашни Меҳргон, ки рамзи фаровонӣ, баракат, ҳосилғундорӣ, меҳнатдӯстӣ ва шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ба шумор меравад, андешаронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки Меҳргон ҳамчун ҷашни миллии ниёгон дар ташаккули фарҳанги миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ нақши муҳим дорад. Эҳтиром ба чунин суннатҳои неки аҷдодӣ барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ ва идомаи анъанаҳои мардумӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар доираи чорабиниҳо донишҷӯён бо пешниҳоди барномаҳои фарҳангӣ, қироати шеърҳо, намоиши расму оинҳои миллӣ ва оростани дастархони идонаи Меҳргон ба ҷашн ҳусни тоза зам намуданд. Ин иқдомҳо бозгӯи эҳтироми насли ҷавон ба мероси пурғановати ниёгон ва талоши онҳо барои ҳифзу гиромидошти суннатҳои миллӣ мебошанд.
Баргузории чунин чорабиниҳо дар факултетҳои Донишгоҳ ба баланд бардоштани маърифати фарҳангии донишҷӯён, эҳёи суннатҳои миллӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва тарғиби арзишҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик мусоидат менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




