ДДҲБСТ: ТАҲКИМИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ВА ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ

23 октябри соли 2026 дар бинои Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади пешгирии коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон мулоқоти судманд баргузор гардид.
Дар мулоқот сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Нуриддин Сайфиддинзода, роҳбарияти Донишгоҳ, садорати факултетҳо, сардорони раёсату шуъбаҳо ва мудирони кафедраҳо иштирок намуданд.
Мулоқотро муовини ректор оид ба таълим Дониш Фазлиддинзода ифтитоҳ намуда, оид ба аҳаммияти пешгирии коррупсия, риояи талаботи қонунгузорӣ ва баланд бардоштани масъулияти ҳар як корманд дар таъмини шаффофияти фаъолияти хизматӣ ибрози назар кард.
Сипас, сарнозири шуъбаи муқовимат бо куррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Нуриддин Сайфиддинзода вобаста ба масъалаҳои муҳими қонунгузории зиддикоррупсионӣ, роҳҳои пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ, оқибатҳои ҳуқуқии содир намудани амалҳои коррупсионӣ ва нақши ҳар як шаҳрванд дар мубориза бо ин падидаи номатлуб маърузаи пурмуҳтаво намуд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни мулоқот ба масъалаи татбиқи барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои миллӣ дар самти муқовимат ба коррупсия таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Аз ҷумла, оид ба ҳадафу вазифаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба муқовимат бо коррупсия, роҳҳои амалисозии чораҳои пешгирикунанда ва нақши муассисаҳои давлатӣ дар таъмини иҷрои талаботи онҳо маълумот дода шуд. Таъкид гардид, ки татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои соҳавӣ барои ташаккули муҳити солими ҳуқуқӣ, таҳкими интизоми хизматӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти муассисаҳо ва баланд бардоштани эътимоди ҷомеа ба сохторҳои давлатӣ заминаи муҳим фароҳам меорад.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки пешгирии коррупсия, риояи қатъии меъёрҳои қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ аз омилҳои муҳимми таъмини фаъолияти шаффофу самараноки муассисаҳо ба ҳисоб мераванд. Ҳамчунин, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ тарбияи кадрҳои дорои ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ, масъулиятшинос ва дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ дар пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб аҳаммияти махсус дорад.
Дар ин замина, зарурати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни кормандону омӯзгорон, риояи меъёрҳои одоби касбӣ, пешгирии бархӯрди манфиатҳо ва баланд бардоштани масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ низ таъкид карда шуд. Зикр гардид, ки муқовимат ба коррупсия танҳо вазифаи мақомоти дахлдор набуда, масъулияти ҳар як шаҳрванд, аз ҷумла кормандони соҳаи маорифу илм низ мебошад.
Дар фарҷоми мулоқот миёни иштирокдорон ва намояндаи Агентӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳодшуда посухҳои мушаххас дода шуданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like