Баррасии аҳаммияти истиқлолияти сиёсӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон дар ДДҲБСТ
Дар доираи татбиқи нақшаи баргузории дарсҳои кушод ва намунавӣ, ки аз ҷониби Шуъбаи идоракунии мониторинги сифати таҳсилот таҳия гардидааст, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд.
Чанде пеш дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳ дарси намунавии лексионӣ дар мавзуи «Истиқлолияти сиёсӣ. Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд. Машғулиятро номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ Саидахон Солихоҷаева барои донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси «Молия ва қарз»-и факултети муштараки ДДҲБСТ ва Донишгоҳи молияи шаҳри Тошканд, ки ба забони русӣ таҳсил менамоянд, баргузор намуд.
Дар ҷараёни дарс масъалаҳои муҳими марбут ба истиқлолияти сиёсӣ ва миллӣ, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, роҳҳои ҳифзу таҳкими пояҳои истиқлолият ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Омӯзгор бо такя ба сарчашмаҳои илмӣ ва маводи таълимӣ ҷанбаҳои назариявию амалии мавзуъро шарҳ дода, таваҷҷуҳи донишҷӯёнро ба аҳаммияти истиқлолият дар рушди давлат ва ҷомеа ҷалб намуд.
Ҳамзамон, зимни машғулият андеша ва назарияҳои гуногуни илмӣ вобаста ба мавзуъ баррасӣ гардида, нақши омӯзиши таърихи навини Тоҷикистон дар ташаккули ҷаҳонбинии сиёсӣ, худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандии ҷавонон таъкид карда шуд.
Бо мақсади тақвияти малакаҳои таҳлилӣ ва рушди омӯзиши мустақилонаи донишҷӯён, омӯзгор истифодаи адабиёти соҳавӣ ва сарчашмаҳои иловагии илмиро тавсия дода, маводи заруриро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ барои мутолиаи амиқтари мавзуъ пешниҳод намуд.
Истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ ва усулҳои интерактивии таълим ба ҷараёни дарс хусусияти амалӣ бахшида, барои иштироки фаъолонаи донишҷӯён, табодули афкор ва таҳкими донишҳои назариявии онҳо имконияти мусоид фароҳам овард.
Бояд таъкид намуд, ки баргузории чунин дарсҳои намунавӣ дар такмили раванди таълим, ҷорӣ намудани усулҳои муосири омӯзиш, густариши истифодаи технологияҳои рақамӣ ва мубодилаи таҷрибаи пешқадами педагогӣ нақши муҳим дорад. Ин иқдомҳо дар баробари баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ба беҳтар гардидани сифати таҳсилот ва ташаккули мутахассисони дорои донишу ҷаҳонбинии васеъ мусоидат менамоянд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа



