Вохӯриҳои омӯзишӣ бо донишҷӯёни бахши аввал оид ба истифодаи имкониятҳои технологияҳои инноватсионӣ

Шуруъ аз санаи 14 то 21 октябри соли 2026 бо ташаббуси шуъбаи технологияи иттилоотӣ ва рушди инноватсионии Донишгоҳ барои донишҷӯёни бахши аввали факултетҳои Донишгоҳ семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардиданд.
Чорабиниҳо дар бинои Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионӣ баргузор шуда, ҳадафи асосии он шинос намудани донишҷӯёни навқабулшуда бо имкониятҳои мавҷудаи Донишгоҳ дар самти технологияҳои иттилоотӣ, низоми электронии хизматрасонӣ ва истифодаи платформаҳои рақамӣ буд.
Зимни семинарҳо сардори шуъбаи технологияи иттилоотӣ ва рушди инноватсионӣ Ҳасанов М.М. ба донишҷӯён оид ба тарзи истифодаи «Китобхонаи электронӣ», барномаи «Картотекаи электронӣ» ва як қатор сомонаю барномаҳои дохилии Донишгоҳ маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Қайд гардид, ки истифодаи дурусти ин имкониятҳо ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки ба захираҳои иттилоотӣ ва хизматрасониҳои электронии Донишгоҳ сари вақт дастрасӣ пайдо намоянд.
Ҳамзамон, мудири бахши барномарезии шуъбаи мазкур Алимов Р. дар бораи барномаи DEM, ки тавассути он равандҳои асосии фаъолияти таълимӣ автоматӣ гардонида шудаанд, маълумот дода, тарзи истифодаи модулҳои барои донишҷӯён пешбинишудаи онро шарҳ дод.
Баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани маърифати рақамии донишҷӯён, осон намудани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои электронӣ ва мутобиқ гардидани онҳо ба муҳити рақамии Донишгоҳ мусоидат менамояд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки донишҷӯён аз рӯзҳои аввали таҳсил бо имкониятҳои технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ дар донишгоҳ шинос шуда, аз онҳо самаранок истифода баранд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like