ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲ БО ДОНИШҶӮЁНИ СОЛИ ЯКУМ ДАР ДДҲБСТ
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Донишгоҳ бо донишҷӯёни соли якум, дар Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионӣ доир шуд.
Дар вохӯриҳо ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода, муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва роҳбарони гурӯҳҳои академӣ иштирок намуда, бо донишҷӯёни курси якум доир ба масъалаҳои муҳими раванди таълиму тарбия, риояи интизоми донишҷӯӣ, масъулиятшиносӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷудаи таълимӣ суҳбатҳои судманд анҷом доданд.
Зимни мулоқотҳо таъкид гардид, ки давраи донишҷӯӣ марҳилаи муҳимми ташаккули шахсият, рушди ҷаҳонбинӣ ва омодагӣ ба фаъолияти касбӣ ба ҳисоб рафта, аз ҳар як ҷавон донишандӯзии пайваста, рафтори намунавӣ, эҳтироми устодон ва масъулияти баландро тақозо менамояд.
Ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода зимни суханронӣ донишҷӯёни соли якумро ба истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамовардаи Донишгоҳ, омӯзиши амиқи донишҳои назариявӣ ва азхудкунии малакаҳои амалӣ даъват намуд. Таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳони муосир донистани забонҳои хориҷӣ яке аз омилҳои муҳимми рушди касбӣ ва рақобатпазирии мутахассисони ҷавон мебошад. Аз ин рӯ, ректор донишҷӯёнро даъват кард, ки ду ва зиёда забони хориҷиро аз бар намуда, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати касбии худ пайваста талош варзанд.
Ҳамзамон, ба масъалаи иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, маърифатӣ ва ҷамъиятии Донишгоҳ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ректори Донишгоҳ донишҷӯёнро барои иштирок дар барномаҳои табодули донишҷӯён, ки имконияти шиносоӣ бо муҳити таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ва такмили донишҳои касбиро фароҳам меоранд, ҳавасманд намуд.
Зикр гардид, ки донишҷӯёни соҳибистеъдод бояд дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолона иштирок карда, бо нишон додани донишу маҳорати баланд сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гарданд ва обрӯю эътибори Донишгоҳро баланд бардоранд.
Дар идомаи вохӯриҳо масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, истифодаи мақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятии Донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ректори Донишгоҳ ва дигар масъулин ба саволу пешниҳодҳои донишҷӯён таваҷҷуҳ зоҳир намуда, оид ба масъалаҳои матраҳшуда тавсияҳои мушаххас пешниҳод карданд. Таъкид шуд, ки ҳар як донишҷӯ бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба таҳсил муносибат намуда, аз шароити мусоиди таълимӣ, имкониятҳои илмӣ ва барномаҳои рушди шахсию касбӣ самаранок истифода барад.
Мулоқотҳо барои шиносоии бештари донишҷӯёни соли якум бо муҳити таълимӣ, таҳкими робитаи роҳбарияти Донишгоҳ бо донишҷӯён, муайян намудани ҳадафҳои таълимӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои таҳсили босифату самаранок аҳаммияти муҳим доштанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




