ДДҲБСТ: ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ

21 сентябри соли 2026 дар Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони «Истиқлол — ганҷи миллат, бақои давлат» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, муовинони ректор, роҳбарони сохторҳои донишгоҳӣ, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, устодону кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон дастоварди бузурги таърихӣ ва заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ барои рушди устувори кишвар, эҳёи арзишҳои миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ имкониятҳои васеъ фароҳам омадааст.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода дар баромади худ оид ба аҳамияти Истиқлоли давлатӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, нақши сулҳу ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдорӣ ва вазифаҳои ҷомеа дар самти ҳифзу таҳкими арзишҳои миллӣ андешаронӣ намуд. Мавсуф саҳми ҷавононро дар ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳим арзёбӣ намуда, онҳоро ба донишандӯзӣ, худшиносии миллӣ, масъулиятшиносӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа ҳидоят кард.

Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона зимни суханронӣ дар бораи арзиши Истиқлол, худшиносии миллӣ, забону фарҳанг ва рисолати насли ҷавон дар ҳифзи арзишҳои маънавии миллат андешаҳои худро баён намуда, таъкид кард, ки дӯст доштани Ватан ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ аз муҳимтарин масъулиятҳои ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Ҳамчунин, Аҳмадҷони Раҳматзод дар баромади худ доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва нақши шаҳрвандон дар рушди ҷомеа суханронӣ намуд.
Зикр гардид, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамчун неъмати бузурги миллӣ масъулияти ҳар як шаҳрванди кишварро барои ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободии Ватан ва саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол боз ҳам бештар менамояд.
Дар фарҷоми ҳамоиш миёни иштирокчиён оид ба мавзуи баррасишуда мубодилаи афкор сурат гирифта, таъкид шуд, ки арҷгузорӣ ба Истиқлол, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва тарбияи насли ҷавони ватандӯсту созанда аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи имрӯза мебошад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

 

 

 

 

 

You might also like