ДДҲБСТ: Баргузории шанбегии умумидонишгоҳӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шанбегии умумидонишгоҳӣ баргузор гардид.
Дар раванди шанбегӣ кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, корҳои тозагию ободонӣ, кабудизоркунӣ ва беҳтар намудани муҳити атрофи муассисаи таълимиро анҷом доданд.
Баргузории чунин иқдомҳои созанда дар заминаи сиёсати ободкорона ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ободонии муҳити таълимӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ, меҳанпарастӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ роҳандозӣ мегардад.
Шанбегии умумидонишгоҳӣ дар баробари фароҳам овардани муҳити тозаву зебо, ба таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ, фарҳанги ободкорӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои созандагӣ мусоидат менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа
































