ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — ПОЯИ АСОСИИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
14 сентябри соли 2026 дар Маркази таҳлили равандҳои сиёсӣ, ҳамгироӣ ва дипломатияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Чорабинӣ ба муаррифии китоби тозанашри доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Мунирахон Акмалова таҳти унвони «Таҳлил ва таҳқиқи Истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шуда, дар он олимону устодон ва донишҷӯёни факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун пояи асосии давлатдории миллӣ дар таҳкими соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ, амнияти давлатӣ ва рушди устувори ҷомеа нақши муҳим дорад. Китоби мазкур масъалаҳои назариявӣ, методологӣ ва амалии истиқлолияти миллӣ ва давлатиро фаро гирифта, барои омӯзиши равандҳои таҳкими истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти илмӣ ва амалӣ дорад.
Дар фарҷоми мизи мудаввар иштирокчиён оид ба аҳамияти асар дар омӯзиши масъалаҳои давлатдорӣ, истиқлолияти миллӣ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа









