ДДҲБСТ: ОҒОЗИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

Имрӯз, 14 сентябр дар Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, сармутахассиси Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода ва ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Мӯминзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки бо ташаббус ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди илму маориф, дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтидори зеҳниву эҷодии насли наврасу ҷавон аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» низ дар доираи ҳамин сиёсати созанда баргузор гардида, ба баланд бардоштани шавқу рағбати насли наврасу ҷавон ба илм, омӯзиши технологияҳои муосир, рушди тафаккури илмӣ, кашф ва дастгирии истеъдодҳои нав, инчунин тарғиби ихтироъкориву навоварӣ равона шудааст.

Даври вилоятии озмун аз 14 то 17 сентябр идома ёфта, иштирокчиён аз рӯйи номинатсияҳои математика, химия ва биология, география, физика, астрономия, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ барои дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ байни ҳам рақобат менамоянд.
Дар ҷараёни озмун иштирокчиён корҳои илмӣ, лоиҳаҳои инноватсионӣ, ихтироот ва дастовардҳои эҷодии худро муаррифӣ намуда, сатҳи дониш, маҳорати илмӣ-таҳлилӣ, қобилияти эҷодӣ ва малакаҳои амалии худро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод мекунанд.

Мақсади асосии баргузории озмун дарёфти истеъдодҳои ҷавон, ҷалби бештари насли наврасу ҷавон ба омӯзиши илмҳои дақиқу табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва самтҳои муосири илм, рушди қобилияти эҷодиву ихтироъкорӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои татбиқи ғояҳои навоварона мебошад.

Баргузории чунин озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ барои таҳкими фарҳанги илмӣ, рушди тафаккури созандаву навоварона ва омода намудани насли ҷавони соҳибмаърифат, донишманд ва рақобатпазир аҳамияти муҳим дорад.
Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» то 17 сентябр идома намуда, натиҷаҳои он тибқи тартиби муқарраргардида ҷамъбаст карда мешаванд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like